Тоҷикистон содироти маҳсулотро ба Литва зиёд мекунад
Дар шаҳри Душанбе мулоқоти директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Бобозода бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Литва дар Тоҷикистон Гинтаутас Васюлис доир гардид.
Бино ба иттилои Агентии содироти кишвар, зимни мулоқот масъалаҳои дарёфти бозорҳои содиротӣ, баланд бардоштани иқтидорҳои содиротӣ ва мусоидат намудан ба содироти маҳсулоти ватанӣ, аз ҷумла маҳсулоти нассоҷӣ, металлҳои ранга, мева ва сабзавоти хушк мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
— Инчунин, ҷонибҳо оид ба масъалаҳои муҳими ҷойдоштаи низоми тиҷорат ва иқтисодии ҳарду мамлакат, бахусус ба маротиб зиёд кардани гардиши савдо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Литва, таъсиси корхонаҳои муштарак дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ, рушди ҳамкории дуҷониба дар самти тиҷорати электронӣ, иқтисоди рақамӣ ва дигар масъалаҳои муҳими ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ суҳбат намуданд,- меафзояд манбаъ.
Хабарҳои моро дар Телеграм пайгирӣ намоед: https://t.me/tojikistontimes
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ