Тоҷикистон: Таваллуд аз марг 6 баробар зиёд аст

Дар 9 моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 162 ҳазор нафар навзод ба дунё омада ва аҳолии кишвар ба андозаи 2,2 дарсад афзоиш ёфтааст.

Ҳамзамон, тибқи иттилои Агентии омори Тоҷикистон, дар ин муддат 25 ҳазор нафар вафот кардаанд, ки ин рақам ба давраи мушобеҳи соли 2018 беш аз 4 дарсад афзоишро нишон медиҳад.

Бад ин тартиб, таваллуд ба ҳар 1 ҳазор нафар 23,6 дарсад ва марг 3,6 дарсад рост меояд.

Феълан аҳолии Тоҷикистон 9 миллиону 252 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Аз ин ҷумла, 3,3  миллион нафар дар вилояти Хатлон, 2,6 миллион нафар дар вилояти Суғд, 2,1 миллион нафар дар Навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ, дар вилояти Худмухтори Бадахшон 26,5 ҳазор нафар ва шаҳри Душанбе 855,1 ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *