Тоҷикистон узви Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат ва захираҳои табиӣ шуд

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон фармони шомилшавии Тоҷикистон ба Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат ва захираҳои табииро имзо кард.

Дар ин бора хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ медиҳад.

Бояд гуфт, ки шомил шудан ба Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат ва захираҳои табиӣ барои Тоҷикистон имконияти дастрасӣ ба маблағҳои Сандуқи глобалии экологӣ, Сандуқи иқлими сабз ва сандуқи махсуси набототу ҳайвоноти ба руйхати ҷаҳонии сурх шомилшуда фароҳам мешавад. Ёдрас мешавем, ки Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат ва захираҳои табиӣ созмони байналмилалии ғайритиҷоратӣ буда, зиёда аз 1400 ташкилоти давлатӣ ва ғайриҳукуматӣ аз 170 кишвари ҷаҳон узви ин созмон мебошанд.

Ин Иттиҳод масъалаҳои вобаста ба ҳифзи гуногунии биологии сайёраро баррасӣ карда, тадбирҳои сиёсӣ ва амалиро дар заминаи ҳифзи муҳити зист ва истифодаи устувори захираҳои табиӣ таҳия ва татбиқ менамояд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *