Тоҷикистон ва Қирғизистон созишномаҳои нави марзӣ ба имзо расонданд

Дафтари матбуоти сафорат хабар дод, ки намояндаи президент дар вилояти Бодканд Абдикарим Алимбоев ва раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода оид ба вазъи марзи Тоҷикистону Қирғизистон гуфтушунид карданд.

Дар муколама намояндагони мақомоти минтақавӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ ширкат доштанд. Мавзӯи асосӣ вазъи тирандозӣ дар марз дар аввали моҳи август буд.

Дар натиҷаи мулоқот баъзе созишномаҳо ҳосил шуданд. Аз ҷумла, Тоҷикистон ва Қирғизистон омӯзиши муштараки марзбонон ва афсарони полисро мегузаронанд, ҳуҷҷатҳои парвандаҳои тафтишшударо мубодила мекунанд ва дар байни сокинони манотиқи наздисарҳадӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд. Тарафҳо инчунин ба мувофиқа расиданд, ки музокироти шабеҳ дар як моҳ ду маротиба баргузор шавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *