“Тоҷикистон ва ҷаҳон”-  тарғибгари ҳисси башардӯстӣ ва ватандӯстӣ

Ҳама гуна намоиши телевизионӣ вобаста сатҳи шаклӣ, услубӣ, мавзуӣ ва дар маҷмуъ мубрамияти муҳтавояш дар зеҳну хотири бинанда ҷо гирифта, ба тафаккури онҳо таъсир мегузорад. Мубрамияти муҳтаво ва ҷолибияти шакл ду унсуреанд, ки шуҳрати касбияту шахсияти муаллиф ва барномаи ӯро дар фазои иттилоотӣ кафолат дода метавонанд. Маҳорати журналист, пеш аз ҳама, дар он аён мегардад, ки бо кушодани паҳлуҳои гуногун мавзӯъро баррасӣ карда, бо ҳам пайванди моҳиронаи мантиқӣ дода тавонад ва мавзуъҳои барои ҷомеа муҳимро интихоб кунад.

 Дар шароите, ки вазъи сиёсӣ ва геосиёсии ҷаҳон тадриҷан печида шуда, манфиатҳои миллии кишварҳо бештар бо таҳдидҳои фаромиллӣ мувоҷеҳ мешаванд, аҳамияти барномаҳои телевизионие монанди “Тоҷикистон ва ҷаҳон”  беш аз пеш меафзояд. Мавҷудияти ин барнома дар тӯли 12  сол бо муаллифии Фатҳиддин Замон нишон дод, ки ҷомеа ба гуна барномаҳо эҳтиёҷи бештар дорад, зеро дифоъ аз ҳуқуқу озодиҳои инсон, маҳкумияти ҷангу хунрезӣ, дӯстию ҳамзистии мусолиматомез, тарғиби ҳисси исонпарварӣ ва ҳадафҳое масоили инҳо аз меҳварии аслии ин барномаи сертамошобин ба шуморо меравад.  Аз ҳар зояе ба масоилҳои баррасишавандаи барномаи “Тоҷикистон ва ҷаҳон” бо муаллифии Фатҳиддин Замон нигарем, ниҳоятан маҳаки онҳо аз дифоъ аз ҳуқуқи башар ва тарғиби инсоният аст.

 Дар воқеъ, рисолати ҳар расона аз аввал дар баробари бозтоби масоили гуногуни ҷомеа ва таҳлилу баррасии мушкилот тарвиҷи ҳисси инсонпарварию башардӯстӣ дар ниҳоду сиришти мухотабон аст. Албатта, вазифаҳои ВАО гуногун аст, аммо ҳаргиз набояд муҳтавои ҳеҷ расона тарғиби шарру шӯр бошад. Дар акси ҳол, рисолати ҳар гуна созандагии ВАО зери меравад.

 Масоиле аз қабили  ҷангу нооромӣ, таъсири печидагиҳои сиёсӣ ба ҳаёти кӯдакон, ба харобазор табдил ёфтани кишварҳои зери сояи ҷанг, рукуди иқтисодию иҷтимоии мамолики ҷангзада ва ҳамчунон буҳронҳои иқтисодию экологӣ ва терроризму эстремизми байналмилалӣ ба таври амиқу густарада таҳлилу баррасӣ мешаванд, ки бегумон дар андешаву афкори ҳар бинанда ангезаи мубориза падидаҳои ғайриинсониро бедор месозад. Аз тарафи дигар,  ба гунаи табиӣ бармало месозад, ки дар ҷаҳони муосир ҳуқуқи башар зери ҳадафҳои гуногуни сиёсӣ, геосиёсӣ, иқтисодӣ ва ғ. бо дағалона вайрон намудани тамоми асосҳои байналмилалии озодиҳои инсон, поймол мешавад. Бо ин тарзи дид ва бозтоби масоили гуногунсамт Фатҳиддин Замон ба амалҳои ғайриинсонӣ вокуниши нарм, вале касбию ҳадафраси худро иброз дошта, аз ҷониби дигар рушду пешрафти кишвари азизамон бо баррасии масоили гуногун ҳамчун нишони риояи қонуну қонуният ва ваҳату иттиҳоди миллӣ барномаи тамошобин ошкор месозад. Ба ҳамин далел аст, ки шиори барномаи “Тоҷикистон ва ҷаҳон” ин “Иттиҳоди мо, қудрати мост” баргузида шудааст.

Ҳамчунин дар барномаи мазкур ташаббусҳои ҷаҳонии кишвари мо, зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самтҳои обу иқлим ва терроризму экстремизм ба таҳлилу таҳқиқ кашида мешавад. Агар ба жарфои ин таҳлилҳо нигарем, боз ҳам дар меҳвари он мубориза бо падидаҳои зиддиинсонӣ ва дифоъ аз ҳуқуқи инсон қарор дорад. Чунки ҳадафи ҳамаи ин ташаббусҳои башардӯстонаи Пешвои муаззами миллат ба бартарафсозӣ ё  коҳиши мушкилоте равона шудаанд, ки башарият аз онҳо ранҷ мебаранд. Фатҳиддин Замон, муаллифи барномаи “Тоҷикистон ва ҷаҳон” бо дарки ин зарурати башарӣ тавониста,  ки ҷавҳари ин ташаббусҳоро таъсирбахш ва ҷолибу тамошобоб аз пардаи телевизон ифшо созад. Дарки воқеиятҳои сиёсиву амниятӣ ва иҷтимоиву демографӣ дар ҳаёти аҳолӣ, бахусус, ҷавонони Тоҷикистон яке аз унсурҳои бисёр муҳимми тарбия мешавад. Муаллиф Фатҳиддини Замон тавонистааст, аз нигоҳи таҳлилӣ ин мавзӯъро матраҳ намояд ва бори дигар собит созад, ки жуналистика низ дар навбати худ таъсири иҷтимоию сиёсӣ дорад.

Аз ин нигоҳ, бисёр дақиқ ва моҳирона маҳкум намудани поймолсозии озодиҳои инсонию фитрии башар, ки дар барномаи машҳури “Тоҷикистон ва ҷаҳон” ифода меёбад, аз ҷаҳони ботинӣ ва инсонмеҳвар андеша кардани муаллифи барнома башорат медиҳад.

Дар воқеъ, донишу маҳорати журналист асоси сатҳи баррасии масоили баррасишавандаро нишон медиҳад, ки хушбахтона, Фатҳиддин Замон бо донишу ҷаҳонбинии фаррох ва тарзу усули вижа барномаҳояшро омодаву бахш месозад. Ҳамин аст, ки “Тоҷикистон ва ҷаҳон” дар миёни барномаҳои телевионӣ ҳаводори зиёдеро ҷалб кардааст. Интихоби мавзуъ, пайванди мантиқии навор бо матн, тарзи бандубаст ва пайгирии масоили мавриди баррасӣ дар нашрҳои гуногуни барномаи “Тоҷикистон ва ҷаҳон”  таъсири равонӣ ва ғоявии барномаро ҳадафрасу барҷаста намудааст. Фатҳиддини Замон бо нигоҳи вижаи таҳлиливу воқеънигорӣ тавонистааст, ки ҷойгоҳи барномаашро миёни дигар намоишҳои телевизиони «Тоҷикистон» натанҳо ҳифз, балки мустаҳакамтар намояд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *