Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ татбиқи лоиҳаҳои муштаракро таҳия хоҳанд кард
Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир ва мудири ширкати Engineering Dimension International Investment аз Арабистони Саудӣ Муҳаммад Ҳиҷӣ дар бораи таҳияи харитаи роҳ ва таъсиси як гуруҳи корӣ барои рушди ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика ва саноат ба мувофиқа расиданд.
— Дар ин бора дафтари матбуоти вазорат рӯзи чаҳоршанбе хабар дод,- хабар медиҳад ТАСС.
«Тарафҳо ҳамкориҳои эҳтимолиро дар бахшҳои бунёди нерӯгоҳҳои нави бузурги барқӣ, лоиҳаҳои сармоягузорӣ барои сохтмони хатҳои баландшиддати барқ, нефту кимиё ва саноати коркард, инчунин ҳамкорӣ дар соҳаи кластерҳои нассоҷӣ баррасӣ карданд»,- омадааст дар гузориш.
Вазорат афзуд, дар нишасте, ки сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ, шарикон ва намояндагони ин ширкат аз ИМА, Чин, Австралия ва Олмон ширкат доштанд, ҳамкориҳо дар самти истеҳсол ва насби маҳсулоти калону миёнаро баррасӣ кардавнд.
«Бо мақсади татбиқи лоиҳаҳои истиқболдор тасмим гирифта шуд, ки дар якҷоягӣ харитаи роҳ ва гуруҳи корӣ таъсис дода шавад»,- омадааст дар хабар.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ