Тоҷикистонро дар Бозиҳои олимпӣ киҳо намояндагӣ мекунанд?
Пешниҳоди рӯйхати васеи дастаҳои ширкаткунанда дар Бозиҳои олимпии Париж ба анҷом расид. Тоҷикистон низ рӯйхати ҳайати дастаро барои ширкат дар Бозиҳо пешниҳод кардааст.
Кумитаи ҷаҳонии олимпӣ рӯйхати охирини варзишгаронеро, ки ба Бозиҳо роҳ ёфтанд, дар рӯзи 8-уми июл нашр хоҳад кард, зеро ба даст овардани роҳхат дар намуди шиноварӣ ва варзиши сабук маҳз дар ҳамин рӯз ба анҷом мерасад.
Ҳамагӣ ба ҳайати дастаи Тоҷикистон 30 нафар шомиланд. Ба ғайр аз варзишгарон инҳо мураббиён, менеҷерҳо, роҳбарони федератсияҳо, кормандони Кумитаи миллии олимпии кишвар ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ҳастанд.
Аз Тоҷикистон дар намуди куштии ҷудо 6 паҳлавон соҳиби роҳхат шуданд, ки ҳафтаи гузашта аз ҷониби Федератсияи ҷудои кишвар ба ҳар кадоме 50 ҳазор сомонӣ дода шуд. Инҳо дар вазни -60 кг Муҳаммадсолеҳ Қувватов (тариқи квота), -66 кг Эмомалии Нуралӣ, -73 кг Беҳрӯз Хоҷазода, -81 кг Сомон Маҳмадбеков, -90 кг Комроншоҳ Устопириён, +100 кг Темур Раҳимов ҳастанд.
Ҳамчунин, се муштзан — Мижгона Самадова (57 кг), Давлат Болтаев (92 кг) ва Баҳодур Усмонов (63,5 кг) соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпӣ-2024 ҳастанд.
Боз як варзишгари дигар — Виктор Рассадин Тоҷикистонро дар намуди куштии озод дар Бозиҳои олимпӣ намояндагӣ хоҳад кард. Ӯ роҳхатро дар Туркия ба даст овард.
Ҳамчунин ба Тоҷикистон 3 роҳхати махсус тариқи квота (2 роҳхат дар шиноварӣ ва як роҳхат аз варзиши сабук) ҷудо карда шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ