Тоҷикистонро дар «Tbilisi Grand Slam 2022» 9 варзишгар муаррифӣ мекунанд
Аз 3 то 5-уми июн дар шаҳри Тбилисии пойтахти Гурҷистон мусобиқаи «Tbilisi Grand Slam 2022» оид ба намуди гӯштини дзюдо баргузор мешавад, ки дар он Ҷумҳурии Тоҷикистонро 9 варзишгар намояндагӣ мекунанд.
Бино ба иттилои Федератсияи дзюдои Тоҷикистон, дар мусобиқаи «Tbilisi Grand Slam 2022» иштироки 304 варзишгар (190 мард ва 114 зан) аз 39 кишвари чаҳор қораи ҷаҳон дар назар аст.
— Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сабқати мардон Нуралӣ Эмомалӣ, Шаҳбоз Саидаброров (ҳарду дар вазни то 66 кг), Маҳмадшариф Наҷмуддинов, Муҳаммадраҳим Сарахонов (ҳарду дар вазни то 73 кг), Шодмон Ризоев, Муҳаммадҷон Абдуҷалилов (ҳарду дар вазни то 81 кг), Кароматулло Ҳакимов (дар вазни то 90 кг), Мансур Раҳмон ва Абубакри Акобир (ҳарду дар вазни то 100 кг) намояндагӣ менамоянд.
Ба варзишгарон дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ба ҷуз аз медал имтиёзҳо дода мешаванд. Инчунин ба беҳтаринҳо ҷоизаҳои молӣ тақдим мегарданд. Дар ҳар вазн ба ғолибон 5000 доллари ИМА, барои ҷои дуюм 3000 доллар ва барои ҷойҳои сеюм 1500-долларӣ супорида мешавад,- меафзояд манбаъ.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта дар мусобиқаи «Tbilisi Grand Slam 2021» ду паҳлавони шинохтаи тоҷик — Шаҳбоз Саидаброров ва Комроншоҳи Устопириён ширкат доштанд. Шаҳбоз медали биринҷӣ ба даст овард, вале Комроншоҳ ноком шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ