Тоҷикистону Қирғизистон омодасозии санадҳои сарҳади давлатиро оғоз карданд
Дар шаҳри Душанбе аз 11 то 19 декабр вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории топографӣ ва масъалаҳои ҳуқуқии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии ду кишвар баргузор шуд.
Гуфта мешавад, ки ҷонибҳо дар доираи ин мулоқот корро барои таҳияи минбаъдаи ҳуқуқии гузариши хатти лоиҳавии сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон шурӯъ карданд.
Ба иттилои «Ховар», ҷонибҳо кори худро дар ин самт дар мулоқоти навбатӣ, ки дар ҳудуди Қирғизистон баргузор хоҳад шуд, идома хоҳанд дод.
Манбаъ менависад, ки дар ҷамъбасти мулоқот Протоколи дахлдор ба имзо расид.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ