Тоҷикистону Малайзия маҳсулоти тамғаи «ҳалол»-ро ба бозор мебароранд

Дар шаҳри Куала Лумпури Малайзия дар ҳошияи Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Малайзия мулоқоти ҳайати Тоҷикистон бо Президенти Федератсияи байналмилалии палатаи савдои Малайзия хонум Кристина Ти баргузор гардид.

Дар ин бора Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, зимни вохӯрӣ таъкид шуд, ки Тоҷикистон бо мақсади роҳ ёфтан ба бозорҳои сармоя, технология ва маҳсулоти саноатӣ рушду таҳкими ҳамкории мутақобили садмандро бо кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ аз самтҳои афзалиятнок меҳисобад.

Инчунин, дар вохӯрӣ масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ байни палатаҳои савдо ва саноати ду давлат дар самти дастгирии тиҷорат ва амалиёти содиротиву воридотӣ, ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар робита ба воридоту содироти маҳсулоти тамғаи «ҳалол» дар бозорҳои Тоҷикистон ва Малайзия баррасӣ шуд.

Тарафҳо дар бораи ҷалби сармоя ва ташкили корхонаҳои муштарак низ  табодули афкор кардаанд.

Қайд карда шудааст, ки ҷонибҳо барои таҳкими робитаҳои тиҷоратию сармоягузорӣ ва табодули сафарҳои тоҷирону сармоягузорон бобати омӯзиши имконияти ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёт ба мувофиқа расиданд.

Дар ҳошияи форум ҳайати мамлакат барои тавсеа ва таҳкими ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон бо кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ инчунин мулоқоти Вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Султон Раҳимзода ва намояндагони дигар вазорату идораҳои ҷумҳурӣ бо Вазири молияи Малайзия Датук Сери Амир Ҳамза Азизан баргузор гардид.

Зимни мулоқот маҷмуи масъалаҳо вобаста ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, аз ҷумла ҷалби сармояи мустақим аз Малайзия ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок дар самтҳои иқтисоди “сабз”, энергетика, манбаҳои неруи таҷдидпазир, истихроҷу коркарди канданиҳои фоиданок ва коркарди ашёи хом мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифт.

Зимни вохӯрии раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Султон Раҳимзода бо муовини Вазири сармоягузорӣ, савдо ва саноати Малайзия Лю Чин Тон масъалаҳои вобаста ба иштирок ва мусоидати доираҳои соҳибкорию сармоягузории Малайзия дар татбиқи лоиҳаҳои хурду бузурги иқтисодию иҷтимоӣ дар Тоҷикистон муҳокима шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *