Тоҷикистону Русия барои таҳияи “Харитаи роҳ” созишнома имзо карданд
Масъалаи имкони афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмини бозорҳои ду кишвар бо озуқаворӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баррасӣ шуд.
Бино ба иттилои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷонибҳо оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳо дар самти кишоварзӣ, муомилоти маҳсулоти хоҷагии қишлоқ, дар бораи бастани шартномаҳои мустақим оид ба таҳвили ваксинаҳои байторӣ ва системаҳои ташхиси тестӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мувофиқа расидаанд.
— Дар бораи таҳияи «Харитаи роҳ» барои мустаҳкам намудани ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ байни Вазорати кишоварзии Федератсияи Русия ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2023 миёни тарафҳо созишнома ба имзо расид,- меафзояд манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ