Тоҷикистону Русия бо коррупсия мубориза мебаранд
Байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Русия санаде имзо шуд, ки ҳамкориро дар самти мубориза бо коррупсия таҳким медиҳад.
Ин санад дар чаҳорчӯби ҷаласаи IX Шӯрои байнидавлатии мубориза бо фасоди ИДМ, ки дар Душанбе баргузор шуд, ба имзо расид.
Директори Агентӣ Сулаймон Султонзода ва Прокурори генералии Русия Игор Краснов изҳори итминон карданд, ки созишнома чораҳои мубориза бо фасодро таҳким мебахшад. Инчунин, муносибатҳои дӯстонаи байни кишварҳоро бар пояи эҳтироми мутақобила ва манфиатҳои миллӣ мустаҳкам менамояд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ