Тоҷикобод: Дар ин ҷо аз мушкилот ҳам мегӯянд
Аввалин чизе, ки дар нишасти хабарии Тоҷикобод ба назар расид, тарзи нави тартиб додани варақаи иттилоотӣ буд. Дар варақаи иттилоотии ноҳия дар баробари дастовардҳо камбудиҳо низ нишон дода шуда буд.
Раиси ноҳия Фақерзода дар ин маврид гуфт: “Мо бо ин роҳ ба журналистон мерасонем, ки аз камбудию норасоиҳо дар ноҳия худамон низ огоҳем. Ҳадафи мо дар ин маврид чунин аст, ки шумо низ бо роҳи ошкор намудан роҳҳои бартараф намудани онҳоро ба мо гӯед. Якҷоя метавонем аксари он норасоиҳоро ислоҳ намоем”.
Ҳарчанд норасоиҳо дар ноҳияи мазкур нисбати дигар ноҳияҳо камтар асту ноҳия аз иҷрои аксари нишондодҳо то имрӯз ба хубӣ баромадааст, аммо ба ҷуръати чунин раис таҳсин бояд гуфт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ