Тоҷикобод нақшаи даъватро дар як рӯз иҷро кард

Ноҳияи Тоҷикобод нақшаи даъвати наваскарон ба Артиши миллиро дар як рӯз иҷро кардааст.

Тавре ки аз мақомоти ноҳия ба Pressa.tj иттилоъ доданд,  ҷавонони Тоҷикобод бо дарки асолати баланди ватандӯстӣ, ҳуввияти миллӣ чун анъана нақшаи даъват ба хизмати ҳарбиро дар рӯзи аввал иҷро намуданд.

“Тӯли солҳои охир сафи ҷавонони ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ афзуда, нақшаи даъват дар як рӯз 100% иҷро мегардад. Ва ин ҷавонони боғайрати ноҳия ба сафи Кувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста, сарбаландона адои хизмат менамоянд”,-иттилоъ дод манбаъ.

Ёдовар мешавем, ки дар асоси фармони Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон шуруъ аз 1 –уми октябр даъвати тирамоҳӣ ба Артиши миллӣ оғоз гардид.

Дар даъвати навбатӣ шаҳрвандони Тоҷикистон, ки соли таваллудашон 1997-2006 аст, ба хизмати ҳарбӣ ҷалб карда мешаванд. Инчунин, хизматчиёни ҳарбӣ, ки мӯҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, ба эҳтиёт рухсат дода мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *