Тоҷикобод: Сел муваққатан роҳи мошингардро баст

Дар километри 202-юми шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат-Рашт-Лахш-Саритош, ки аз қаламрави ҷамоати Қалъаи лаби оби ноҳияи Тоҷикобод мегузарад, сел омада, дар натиҷа ин роҳ муддате баста шудааст.

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои бартараф намудани паёмадҳои ин сел техникаи муҳандисии хадамоти роҳи ноҳия сафарбар карда шудааст.

— Барои сари вақт гузаштани мошинҳо роҳи эҳтиётӣ боз карданд ва ҳаракати мошинҳо ба ду ҷониб таъмин карда шуд. Корҳои рафъи оқибатҳои сел дар қитъаи роҳ идома доранд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *