Тоҷикон аз ҳама бештар Русияро дуст медоштаанд

Муассисаи «Россотрудничество» назарсанҷии гузаронидаашро дар бораи он, ки дар кадом кишварҳо Русияро бештар дӯст медоранд, ҷамъбаст кардааст
Тоҷикистон дар байни кишварҳои ИДМ, ки беш аз ҳама Русияро дӯст медоранд, ҷои аввалро гирифтааст.
Муассисаи фарҳангиву илмии Русия «Россотрудничество» назарсанҷиашро таҳти саволи «Дар кадом кишварҳо Русияро бештар аз ҳама дӯст медоранд?» ҷамъбаст кардааст.
Дар натиҷа маълум шудааст, ки дар ин озмун ҷои аввалро Тоҷикистон гирифтааст. Ҷои дувум насиби Сербия ва ҷои севумро Арманистон ба даст овардааст.
Байни дигар кишварҳое, ки бо Русия муносибати хуб доранд, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Сирия, Украина, Булғория ва Чин ворид шудаанд
“Спутник”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *