Тоҷикони Қирғизистон чӣ ҳол доранд?
Мусоҳиба бо журналист Мирасрори Фарғонӣ
Журналисти маъруф, хабарнигори рӯзномаи “Овози тоҷик” Мирасрори Фарғонӣ меҳмони Душанбе буд. Бо эшон суҳбате анҷом додем, ки фишурдаи он манзури шумо мегардад.
Умед ба ояндаи нек
— Дар ду шумораи ахири “Овози тоҷик” сафарномаи шумо аз Ҷумҳурии Қирғизистон нашр шуд. Шумо дар он диду боздиди хешро аз минтақаҳои тоҷикнишини ин кишвар ба қалам додаед. Пас аз муноқишаҳои марзӣ муносибати Тоҷикистон бо Қирғизистон дучори буҳрон шуд. Дар чунин вазъият тоҷикони ин кишвар чӣ ҳолу рӯзгор доранд?
— Зиндагии тоҷикони Қирғизистон аз лиҳози иқтисодиву иҷтимоӣ ором аст. Онҳо шаҳрванди ин кишвар ҳастанд ва мисли дигар аҳолии он мамлакат аз ҳуқуқу озодиҳо бархӯрдоранд. Вале руҳияи тоҷикони Қирғизистон чун пештара нест. Муноқишаи марзии миёни ду кишвар таъсирашро ба онҳо гузоштааст. Ва ин табиист. Тоҷикон дар ҳолати ногувор ҳастанд ва азият мекашанд. Зеро қаблан онҳо Тоҷикистонро пуштибону муттакои худ медонистанд. Яке аз мушкилиҳои асосӣ ин аст, ки хатмкунандагони мактабҳои тоҷикии Қирғизистон аксарашон дар Тоҷикистон таҳсил мекарданд. Баъди ин воқеаҳо таҳсили онҳо қатъ шуд. Ҳатто барои донишҷӯёне, ки алакай таҳсил мекарданд, равуо мушкил шуд ва бисёрашон таҳсилро тарк карданд. Дигар ин ки, мактабҳои тоҷикии Қирғизистон дар ҳоли ногувор қарор доранд. Яке аз он мактабҳо ба номи устод Айнист, ки дар деҳаи Шӯрои ҷамоати Учқурғон воқеъ аст. Ин мактаби асосии тоҷикони Қирғизистон буд ва барои ҳифзу нигаҳдории забону фарҳанги тоҷикон дар ин кишвар нақши калидӣ дошт. Аҳволи мактаби ба номи Фирдавсӣ ҳам дар ноҳияи Ҳайдаркон на он қадар хуб аст. Қаблан, Тоҷикистон ин мактабҳоро бо китобҳои дарсӣ таъмин мекард.
Ман аз сафарам ба Қирғизистон ба хулосае омадам, ки вақте алоқа бо кишвари ҳамзабон канда мешавад, дар ҳама бахшҳо хисороти худро меовардааст. Феълан, онҳое, ки осуда ва бо ифтихор ба забони тоҷикӣ ҳарф мезаданд ва барои ҳуқуқи тоҷикон талош мекарданд, эҳтиёткор шудаанд. Аксарашон бо банда ӯзбекӣ суҳбат мекарданд. Ман онҳоро мефаҳмам…
— Дар назди Ассамблеяи халқҳои Қирғизистон Ҷамъияти тоҷикони Қирғизистон ба номи Рӯдакӣ фаъолият мекунад. Фаъолияти он феълан чӣ гуна аст?
— Фаъолияти он табиист, ки мисли пештара нест. Ман бо роҳбари ҷамъияти тоҷикони Қирғизистон Равшанбек Собиров телефонӣ суҳбат кардам. Онҳо умедворанд, ки мушкили байни ду кишвар зудтар ҳали хешро ёбад ва миёни ду кишвар равобит барқарор шавад.
— Дар назди ин ҷамъият нашрияи тоҷикии “Паёми Алатоо” чоп мешуд. Вазъи он чӣ гуна аст?
— Ин нашрияро банда таъсис додаам ва нахустин муҳаррираш ҳастам. 23 шумораи онро нашр кардам. “Паёми Алатоо” моҳе як бор ва агар маъракаи муҳими сиёсӣ бошад, моҳе ду маротиба нашр мешуд. Баъди ман Қодиршоҳи Мурувват муҳарририи онро ба дӯш гирифт. Ҳоло мутаассифона нашри он қатъ шудааст.
— Шумо чанд сол дар Қирғизистон фаъолият доштед. Вазъи тоҷикони Қирғизистон аз он рӯзгорон то имрӯз чӣ тағйир кардааст?
— Фарқ аз замин то осмон аст. Тоҷикони Қирғизистон ҳамеша фаъол ва бедор буданд. То ба Бишкек ба кор рафтанам, яке аз тоҷикони машҳури Қирғизистон, доктори илми тиб, академик Абдуҳалим Раҳимҷонов ҷамъияти тоҷиконро роҳбарӣ мекарданд. Қодиршои Мурувват ёварашон буданд. Баъдан Равшанбек Собиров, ки ходими ҷамъиятиву сиёсии Қирғизистон аст, раиси ҷамъият баргузида шуд. Ҷамъият чорабиниҳои мухталиф баргузор мекард. Нашрияи “Паёми Алатоо” 5 ҳазор нусха нашр шуда, ба ҳамаи маҳалҳои тоҷикнишин ройгон тақсим мешуд. Равшанбек Собиров ҳамчун раиси ҷамъият узви Шӯрои ҷамъиятӣ шуд. Дар баробари ин шоири шодравон Шарифҷон Учқурғонӣ ва шахсияти фозил Саидазим Пӯлодӣ ва дигар фарзандони бедор забону шеър ва суннатҳои тоҷикиро пос медоштанд.
— Ҳоло дар Қирғизистон чӣ қадар тоҷикон зиндагӣ мекунанд?
— Беш аз 60 ҳазор. Ҳамчунин, 5 мактаби тоҷикӣ ва боз 7-8 мактаби омехта низ фаъолият мекунанд. Вале алакай дар мавриди маҳдуд шудани соатҳои забони модарӣ дар ин мактабҳо аз боло ишораҳо шудааст…
Ҷашни “Овози тоҷик”
— Акнун биёем ба Ӯзбекистон. Шумо корманди рӯзномаи “Овози тоҷик” ҳастед. Ин нашрияи бонуфуз соли равон якасра шуд, вале ин санаи муҳим таҷлил нагардид. Сабаб чист?
— Ҷашни 100-солагии “Овози тоҷик” ба 25-уми август рост меомад. Аз сабабе, ки дар пеш ҷашни Истиқлол ва дигар маъракаҳои муҳими сиёсӣ буд, вақти баргузории он ба дигар вақт гузошта шуд. Рӯзҳои наздик ҳатман ин ҷашнвора баргузор хоҳад шуд. Хушбахтона, таваҷҷуҳи Ҳукумати Ӯзбекистон ба рӯзномаи мо хеле зиёд аст. Солҳои охир маблағгузорӣ хеле беҳтар шуд. Маоши мо дар ин авохир муодили қариб 200 доллар боло рафт. Ҳар иду ҷашнҳо мукофотпулӣ мегирем. Як нуктаи муҳимро зикр карданӣ ҳастам. “Овози тоҷик” бо маблағгузории давлат чоп мешавад. Пули 4 ҳазор нусхаро давлат мегузаронад ва ин теъдод рӯзнома ба тоҷикони кишвар ройгон тақсим карда мешавад.
— Магар “Овози тоҷик” обуна надорад?
— Афсӯс, ки теъдоди обунаи мо хеле кам аст. Шояд бештар аз 300 нусха бошад…
— Чаро вазъ чунин аст?
— Ҳама интернетро айбдор мекунанд. Вале бубинед, ки рӯзномаҳо дар кишварҳои пешрафта то 1 миллион нусха нашр мешаванд. Мардуми мо ба рӯзнома хеле кам таваҷҷуҳ доранд. Ин фақат ба “Овози тоҷик” дахл надорад. Рӯзномаҳое ҳастанд, ки аз нашр бозмонданд. Ин табиист ва шояд ин раванд дар Тоҷикистон ҳам эҳсос шавад. Вале бо вуҷуди он ман ҳамеша бонги изтироб мезанам. Мегӯям, ки шумо ақалан ба хотири тоҷик буданатон “Овози тоҷик”-ро дастгирӣ кунед. Қаблан маоши муаллим 100-200 доллар буд, ҳоло қариб 1,5 ҳазор доллар аст. Вале бо вуҷуди ин, вазъ беҳтар намешавад.
— Фаъолияти журналистони тоҷикзабон дар Ӯзбекистон то куҷо озод аст?
— Журналистони тоҷикзабон аз ӯзбекзабон фарқе намекунанд. Мо масалан дар рӯзномаи “Овози тоҷик” масъалаҳои миллиро зиёд матраҳ мекунем. Касе монеъи фаъолияти мо нест. Нашрияи хусусии “Ховар” ҳар чӣ хоҳад, ҳамонро нашр мекунад. Яъне маҳдудияти хос ба журналистони тоҷикзабон нест.
— Ҳоло барои рушди журналистикаи тоҷикзабон дар Ӯзбекистон чӣ монеъа ҳаст?
— Кадр. Ман чанд сол пеш пешниҳод карда будам, ки факултаҳои журналистикаи донишгоҳҳои Тоҷикистон барои мо ақаллан 10 журналист омода кунанд. Яъне квота ҷудо карда шавад, ки бачаҳои мо омада ин ҷо таҳсил кунанд. Вале касе ба ин масъала таваҷҷуҳ накард.
— Мегӯянд, ки имсол ба гурӯҳҳои тоҷикии Донишгоҳи Самарқанд донишҷӯ қабул накардаанд. Ин хабар рост аст?
— Ман ин хабарро дар шабакаҳои иҷтимоӣ хондам. Ҳанӯз аз пайи таҳқиқи он нашудаам, бинобар ин чизе гуфта наметавонам. Вале агар чунин бошад, омилҳои онро фаҳмидан лозим. Шояд кадр надоранд. Зеро феълан дар ҳамаи макотиби олии Ӯзбекистон, ки гурӯҳҳои тоҷикӣ доранд, норасоии шадиди кадр эҳсос мешавад. Мисол дар Донишгоҳи Фарғона чор гурӯҳи тоҷикӣ ҳаст, имсол хостем, ки гурӯҳи панҷумро ҳам кушоем, вале муаллим нест, ки дарс диҳад. Ҳамон 4 ихтисосро базӯр бо муаллим таъмин кардем. Дар Донишгоҳи Бухоро ва Донишгоҳи Чирчиқ низ ин мушкилӣ мавҷуд аст. Ҳақиқати ҳол чунин аст. Вақте кадр нест, гурӯҳ баста мешавад ё аксари фанҳоро ба ӯзбекӣ мехонанд.
— Шояд яке аз сабабҳои баста шудани синфҳо ва мактабҳои тоҷикӣ ҳам ҳамин бошад?
— Бале. Вале ин ҷо падару модарон ҳам гунаҳгоранд, ки бачаҳояшонро на ба гурӯҳи тоҷикӣ, балки ба ӯзбекӣ ё русӣ медиҳанд, то онҳо донишҷӯ шуда тавонанд. Вале имсол маълум шуд, ки чунин бачаҳо 90 фоиз дохил нашуданд. Чаро? Зеро дар хона тоҷикӣ ҳарф мезананду дар мактаб ӯзбекӣ. Вақте кӯдак дузабона мешавад, дарсҳоро нағз аз худ карда наметавонад. Баръакс хамткунандаҳои мактабҳои тоҷикӣ беш аз 90 фоиз донишӯ мешаванд. Боиси таассуф аст, ки тоҷикони Ӯзбекистон солҳои охир дар масъалаи ҳувияти миллӣ кам фикр мекунанд. Ҳамин аст, ки агар 25 ё 30 сол қабл дар Ӯзбекистон 380 мактаби тоҷикӣ ва омехта бошад, ҳоло аз 150 бештар нест. Ин бо айби худи тоҷикон аст. Зеро дар Ӯзбекистон касе нагуфтааст, ки забони таълимро тағйир диҳед ё мактаби тоҷикиро бандед. Вақте мебинанд, ки ба синфи тоҷикӣ касе намеояд ё кам меояд, илова бар ин кадр нест, ки ба кӯдак дарс диҳад, ноилоҷ гурӯҳро мебанданд.
— Сипос барои суҳбат!
— Ба шумо ҳам ташаккур. Аз минбари рӯзномаи шумо боз ба як мушкилӣ ишора кардан мехоҳам. Ҳоло ҳам байни Тоҷикистону Ӯзбекистон низоми раводид барқарор аст. Агар касе беш аз як моҳ дар ин ҷо ё дар Ӯзбекистон монад, бояд визаи солона гирад. Пешниҳод мекунам, ки виза барои донишҷӯён, магистрҳо ва аспирантҳо бекор карда шавад.
Мусоҳиб: Одил НОЗИР
Маълумотнома:
Мирасрори Фарғонӣ зодаи ноҳияи Сӯх аст. Хатмкардаи факултаи филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Фаъолияти кориашро охири солҳои 70-ум дар нашрияи “Риштон ҳақиқати” оғоз карда, беш аз 15 сол хабарнигори Радиои “Озодӣ” дар Қирғизистону Ӯзбекистон буд. Як муддат хабарнигори ВВС дар ин кишварҳо низ буд. Як муддат дар Бишкек кору фаъолият намуда, сардабирии нашрияи тоҷикии “Паёми Ала Тоо”-ро ба дӯш дошт. Ҳоло хабарнигори рӯзномаи “Овози тоҷик” аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ