Тоҷикони шӯравӣ дар ҷанги Афғонистон (гузориши мусаввар)
Ҷанги эълоннашуда дар Афғонистон аз моҳи декабри соли 1979 то 15 феврали соли 1989 давом карда ва дар ин ҷангҳо беш аз 15 ҳазору 300 нафар хизматчиёни ҳарбӣ аз Тоҷикистон иштирок намуданд.
Дар набардҳои кишвари ҳамсоя 366 нафар фиристодагони кишварамон ҳалок гардида ва беш аз 1000 нафар ҷароҳатҳои мухталиф бардоштанд. Афсарону сарбозони тоҷик дар қатори дигар миллатҳои шӯравӣ дар ҳама гуна амалиёти ҷангӣ шуҷоату мардонагӣ нишон дода, аксарияташон бо ордену медалҳои ҷангӣ ва дигар мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд.
Дар ин ҷанги эълонашуда ба ду нафар фиристодагони Тоҷикистон-Набӣ Акрамов ва Александр Мироненко (пас аз марг) унвони олӣ-Қаҳрамони Иттиҳоди Шeравӣ дода шуд. Хизмати софдилонаи садҳо нафар ҷавонписарони тоҷик бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Демократии Афғонистон низ қадр шуданд.
Ин гузориши мусавварест, ки аз қаҳрамонию ҷонбозиҳои фиристодаҳои Тоҷикистон дар ҷанги Афғонистон ё қарзи интернатсионалстӣ ҳикоят мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ