«Тоҷикони Варорӯд» дар Эрон

Китоби донишманди тоҷик, профессор Намоз Ҳотам таҳти унвони «Таърихи тоҷикони Варорӯд аз даҳаи 1860 то соли 1924» дар интишороти «Шероза»-и Эрон ба зевари табъ ороста гардид. Ин китобро муҳаққиқи эронӣ Ораши Эронпур ба нашр омода кардааст.

Китоби устод Намоз Ҳотам дар миёни осоре, ки бо забони тоҷикӣ навишта шуда, ба таърихи ду қарни охири тоҷикони Варорӯд бахшида шудаанд, беҳтарин асар ба шумор меояд. Чун муаллиф умри азизи хешро вақфи омӯзишу таҳқиқи ҳамин давраи сарнавиштсоз ва даҳҳо асари арзишманд таълиф кардааст. Пажуҳиши эшон перомуни таърихи вуруди сармоя ба Осиёи Миёна ва бонкдории минтақа беҳтарин дастоварди илми таърихнигории тоҷик дар замони истиқлол дониста мешавад.

Китоби «Таърихи тоҷикони Варорӯд» аз 11 боб таркиб ёфтааст. Панҷ боби аввали китоб ба баррасии авомилу сабабҳои таҷовузи артиши рус ба сарзамини Варорӯд бахшида шудааст. Сипас бар асоси манобеи русӣ ва форсӣ раванди истилои ин сарзамин ва мулҳақ гаштани он ба қаламрави импротурии Русияро ба қалам додааст. Ба дунболи он назҳати маорифпарварӣ ва ҷунбиши ҷадидия ва роҳ ёфтани саромояву бонкдорӣ ба хиттаи Варорудро тасвир кардааст.

Дар панҷ боби дигар фоҷеаи инқилоби Русия ва тасаллути болшевизм дар Варорӯд, иқдомоти нахустини ҳукумати Шӯравӣ дар Осиёи Миёна, сарнагунии иморати Бухоро ва саранҷом тақсимоти марзӣ ё «табартақсим»-и маъруфро, ки яке аз натиҷаҳон он таъсиси Ҷумҳурии мухтори Тоҷикистон буд, ба риштаи таҳрир кашидааст.

Ораши Эронпур дар сарсухани худ навишта, ки «баррасии ҳамзамон ва муфассали ин масъалаҳо, ба вижа дар шароити имрӯза барои дарки нозукиҳои истиқлоли миллӣ ва гузор ба иқтисоди бозор аҳамияти хос дорад». Китоб бо гоҳшумории рӯйдодҳо, вожагони душвор, китобнома ва намояи судманд ороста шудааст.

Дар маҷмуъ, нашри ин китоб дар кишвари порсизабон гувоҳи густариши равобити ду кишвар ва эътирофи таҳқиқоти ин донишманди тоҷик аст.

Устоди арҷманд Намоз Ҳотамро, ки дар панҷоҳ соли охир хадамоти саршоре ба илму фарҳанги тоҷик карда, ба ин муносибат табрик мегӯям.

Қарор аст, дар ояндаи наздик ҷилди дувуми ин китоб, ки ҳаводиси сад соли охир (1924-2024)-ро фаро мегирад, дар ҳамин интишорот ба табъ расад.

Сайфуллоҳ МУЛЛОҶОН, профессор

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *