Тоҷикону қирғизҳо дар садама осеб диданд
Дар вилояти Қараганда, воқеъ дар наздикии шаҳри Балхаш, дар шоҳроҳи Алмаато-Екатеринбург ҳашт нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки дар дохили автобус қарор доштанд, бар асари бархӯрд бо мошини боркаш ҷароҳати вазнин бардоштаанд.
Чор нафар ҷабрдидагон дар ҳолати вазнин дар беморхона қарор доранд. Ташхис нишон додааст, ки пойҳо ва қафаси синаашон шикастааст. Як нафари дигар дар ҳолати хеле вазнин қарор дорад, мегӯяд хадамоти матбуоти раёсатӣ тандурустӣ.
Гумонбар дар садамаи мазкур шаҳрванди 38-солаи Қирғизистон буда, полис аллакай мушаххасоти садамаро муайян кардааст.
Маълум мешавад, ки ронандаи автобус фоисларо нисбати мошини боркаш нигоҳ дошта натавониста дар натиҷа ба паси мошини боркаши “Волво” бархӯрдааст. Ронандаи боркаш истиқоматкунандаи вилояти Алмаато мебошад.
Автобус ба самти Алмаато равона буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ