”Тоҷикстандарт” чӣ тадбирҳо меандешад? (видео)
Ба саволҳои хонандагон муовини аввали директори Агенти «Тоҷикстандарт» Мирзоён Раҳмоншо посух гуфт
Дар гуфтугӯи мустақим, ки дар идораи ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ва сомонаи Pressa.tj баргузор гардид, муовини аввали Агентии «Тоҷикстандарт» ба саволҳои сершумори хонандагон посух дод. Дар тӯли 2 соати гуфтугӯ беш аз 50 нафар тавассути телефон саволҳои худро бевосита пешниҳод карданд. Саволҳои зиёде ҳамчунин аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва почтаи электронии редаксия ворид шуданд, ки ба мавзуҳои гуногун, аз ҷумла сифат ва бехатарии маҳсулот, ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон ва назорати бозор марбут буданд.
— Салом. Идораи рӯзномаи “Тоҷикистон”?
— Бале.
— Ба Агентии “Тоҷикстандарт” савол дорам.
— Марҳамат, гуфтугӯи мустақим оғоз шудааст. Саволи худро пешниҳод кунед.
— Ман сокини шаҳри Душанбе ҳастам ва хеле шодам, ки маҳсулоти ватанӣ афзун гашта истодааст. Аммо чаро ҳамаи маҳсулот тамғагузорӣ нашудааст? Агар бо чунин ҳолат рӯ ба рӯ шавем, ба кӣ муроҷиат кунем?
— Беҳтар аст маҳсулоти бе тамғаи расмиро харидорӣ накунед. Ҳангоми харид ба муҳлати истеҳсол, тамғаи корхона ва сертификати маҳсулот диққат диҳед ва аз фурӯшанда сертификати маҳсулотро талаб намоед. Дар ҳолати набудани ин талабот, ба Агентии “Тоҷикстандарт” муроҷиат кунед (телефони боварӣ: 2336869, 2334499). Шумо ҳамчун истеъмолкунанда ба ин ҳуқуқ доред. Бояд зикр намоям, ки дар Тоҷикистон Қонун «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» амал мекунад. Ҳар касе талаботи қонунро риоя накунад, ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.
— Тоҷикстандарт барои беҳтар намудани сифат ва бехатарии маҳсулоти ватанӣ чӣ чораҳо меандешад? Оё стандартҳои мавҷуда такмил дода шудаанд?
— Бо мақсади баланд бардоштани сифат ва рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ, дастгирии соҳибкорон дар соҳаи истеҳсолот, ҳифзи бозори истеъмолӣ аз воридоти маҳсулоти пастсифат ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, мо як қатор чораҳоро ба сомон расонидаем. Ин чораҳо аз ҳамоҳангсозии стандартҳои миллӣ бо стандартҳои байналмилалӣ, таъмини истеҳсолкунандагон бо ҳуҷҷатҳои меъёрӣ, ташкил кардани семинарҳо ва машваратҳо бо иштироки корхонаҳои ватанӣ, таъсиси озмоишгоҳҳои нав, таҷҳизонидани онҳо, ҷорӣ кардани низоми менеҷменти сифат тибқи стандартҳои байналмилалӣ дар корхонаҳои ватанӣ ва тақвияти назорат дар бозори истеъмолӣ иборат мебошанд.
Дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ 46 адад шартҳои техникии таҳияшудаи истеҳсолкунандагони ватанӣ пас аз баррасӣ ва омӯзиши мутахассисон дар Фонди давлатии ҳуҷҷатҳои меъёрии техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуданд. Ҳамчунин, барои дастрасии субъектҳои хоҷагидор, бахусус корхонаҳои истеҳсолӣ ба ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва стандартҳои байнидавлатӣ (ГОСТ), ки дар асоси протоколи ҷаласаҳои Шӯрои байнидавлатӣ оид ба стандартонӣ, метрология ва сертификатсия ҳамчун стандарти давлатӣ қабул шудаанд, 256 стандарти байнидавлатӣ расман ҳамчун стандарти давлатии Тоҷикистон пазируфта шуданд.
Дар доираи ҳамкорӣ бо Агентии федералии танзими техникӣ (Росстандарт), Барномаи фонди давлатии стандартҳои Федератсияи Россия, ки беш аз 35 000 стандарти техникӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёриро дар бар мегирад, ба Агентии “Тоҷикстандарт” барои истифодаи минбаъда тақдим карда шуд. Ин иқдом имкон дод, ки 10 корхонаи нави саноатии кишвар, ки ба ин стандартҳо ниёз доштанд, бо онҳо таъмин гардида, ин стандартҳо дар фаъолияти онҳо ҷорӣ карда шаванд.
— Оё “Тоҷикстандарт” соҳибкоронро дастгирӣ мекунад?
— Албатта, яке аз самтҳои фаъолияти “Тоҷикстандарт” дастгирии соҳибкорон мебошад. Бо мақсади рушди соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолот ва баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, муаррифии маҳсулоти ватанӣ, ҳавасмандгардонӣ ва қадршиносии соҳибкорони ватанӣ соли 2023 озмуни «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо иштироки зиёда аз 300 корхона баргузор гардид. Пас аз ҷамъбасти озмун, бо кумаки мутахассисон ва гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ, дар озмуни дарёфти Ҷоизаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои дастовардҳо дар соҳаи сифати маҳсулот ва хизматрасонӣ ду ширкат аз Тоҷикистон — ҶДММ «Ноқили Талко» ва ҶДММ «Аҷр» иштирок намуда, сазовори ҷоизаҳои баланд гаштанд.
— Оё “Тоҷикстандарт” ҳуқуқи аз сертификат маҳрум карданро дорад? Агар ҳа, дар кадом ҳолатҳо?
— “Тоҷикстандарт” ваколати додан, бекор кардан ва манъ намудани истифодаи сертификатро дорад. Агар маҳсулоти истеҳсолшуда ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҷавобгӯ набошад ё дар давраи санҷиш сертификат ба талабот ҷавобгӯ нашавад, амалисозии сертификат боздошта мешавад. Ҳамчунин, агар камбудиҳо бартараф нашаванд, сертификат бекор мегардад.
— “Тоҷикстандарт” барои ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон вобаста ба маҳсулоти пастсифат чӣ чораҳо меандешад?
— Татбиқи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникии талаботашон ҳатмӣ, яъне регламентҳои техникии Тоҷикистон барои танзими бозори истеъмолӣ кумак мерасонанд. Назорати бозори истеъмолӣ пурзӯр карда шуда, барои ҳимояи он аз воридоти маҳсулоти пастсифат ва хатарнок чораҳои зарурӣ андешида мешавад.
— Соли ҷорӣ чӣ миқдор маҳсулоти пастсифат ошкор шуд?
— Дар нуҳ моҳи соли 2024 дар натиҷаи санҷишҳо 793 672 кг маҳсулоти гуногуни пастсифати ғизоӣ ба қайд гирифта шуд. Аз ин миқдор 752 970 кг аз ҷиҳати бехатарӣ ва 40 702 кг аз рӯи тамғагузории нодуруст дар борҷомаҳо ба талабот ҷавобгӯ набуданд.
Тибқи натиҷаҳои озмоишҳои маҳсулоти ғизоӣ аз рӯи сифату бехатарӣ ва тамғагузорӣ, 50 350 кг маҳсулоти гӯштӣ, 157 061 кг равғани растанӣ, 25 597 литр нӯшокиҳои спиртӣ, 11 170 литр нӯшокиҳои ғайриспиртӣ, 4499 кг маҳсулоти қаннодӣ, 14 287 кг маҳсулоти ширӣ, 329 кг иловагиҳои ғизоӣ, 6478 кг тухми мурғ, 37 908 кг намак, 100 580 кг маҳсулоти ғалладонагӣ, 140 273 кг орд, 16 537 кг консерва ва дигар маҳсулоти ғайристандартӣ ошкор гардида, нисбат ба фурӯшандагони онҳо чораҳои маъмурӣ андешида шуданд.
Ҳамчунин, тавассути вохӯриҳо ва семинарҳо бо истеҳсолкунандагон, фурӯшандагон ва воридкунандагони молу маҳсулот корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба риояи қоидаҳои савдо ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон тақвият дода шуданд. Бо дархости соҳибкорон, зиёда аз 171 000 кг маҳсулоти хӯрокворӣ, ки муҳлати истеъмоли онҳо гузаштааст, ба анбори нигоҳдории муваққатии “Тоҷикстандарт” супорида шуд. Ҳамчунин, бо роҳбарони бозорҳои Душанбе ва бозору марказҳои савдои шаҳру навоҳии кишвар вохӯриҳо доир шуда, онҳо вазифадор гардиданд, ки фурӯшандагон ва кормандони хизматрасонро бо либоси ягонаи корӣ ва нишони сарисинагӣ таъмин намоянд.
— Чӣ гуна “Тоҷикстандарт” бозорро назорат мекунад, то маҳсулоти бесифат ба он роҳ наёбад?
— Агентӣ дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти дахлдор санҷиши субъектҳои хоҷагидорро амалӣ менамояд. Ҳамаи санҷишҳо дар асоси талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» гузаронида мешаванд. Санҷишҳои ғайринақшавӣ танҳо бо аризаи истеъмолкунандагон ё муроҷиати мақомоти қудратӣ сурат мегиранд. Инчунин, санҷишҳои нақшавӣ тибқи нақшаи тасдиқшуда бо Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти санҷишӣ, ки дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад, мувофиқа мешаванд. Пеш аз оғози санҷиш субъектҳои хоҷагидор 5 рӯз қабл огоҳ карда мешаванд. Аз ин ҳолат бархе соҳибкорон истифода намуда, молу маҳсулоти муҳлати истеъмолаш гузашта ё бесифатро ба фурӯш мебароранд.
— Оё “Тоҷикстандарт” нақша дорад, ки бо ҷорӣ намудани стандартҳои муосир ва инноватсионӣ дар рушди истеҳсолот саҳм гузорад? Агар ҳа, ин кор чӣ гуна анҷом дода мешавад?
— Албатта. Дар нуҳ моҳи соли 2024 дар 98 корхонаи ватанӣ низоми менеҷменти сифат ҷорӣ карда шуда, корҳои сертификатсионӣ ба сомон расонида шуд. Дар 52 корхона аудити инспексионӣ ва дар 36 корхона дарси омӯзишӣ ва дар 74 корхона корҳои фаҳмондадиҳӣ дар мавзӯи истифодабарии стандартҳои байналмилалии ISO 9000, ISO 22000 ва НАССР гузаронида шуд. Ҳамчунин, 256 стандарти байнидавлатии ГОСТ ба сифати стандартҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, дастрасии субъектҳои хоҷагидор ба ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ таъмин шудааст.
— То чӣ андоза корхонаҳои истеҳсолии кишвар талаботи қонунгузориро иҷро мекунанд? Дар сурати набудани мутобиқат, чӣ иқдомоте андешида мешавад?
— Ҳангоми санҷишҳои назорати давлатӣ дар субъектҳои хоҷагидор дар 5096 ҳолат барои риоя накардани талаботи меъёрии техникӣ, фурӯши маҳсулоти пастсифат ва хатарнок ба маблағи 1 533 532 сомонӣ ҷарима таъин карда шуд, ки ба буҷети давлатӣ пардохт шудааст.
— “Тоҷикстандарт” бо муассисаҳои байналмилалӣ дар соҳаи стандартҳо ҳамкорӣ мекунад? Агар ҳа, ин ҳамкориҳо чӣ гуна татбиқ мешаванд?
— Имрӯз “Тоҷикстандарт” дар созмонҳои байналмилалии стандартизатсия, аз ҷумла ISO, Шӯрои байнидавлатии ИДМ, МОЗМ, COOMET, ILAC ва Созмони Осиёи Марказӣ оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсия иштирок мекунад ва Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд. Ин ҳамкориҳо ба расидан ба сатҳи талаботи байналмилалӣ мусоидат мекунанд.
— Имрӯз сифати бозичаҳои кӯдакона волидонро ба ташвиш овардааст. Оё сифати ин бозичаҳо санҷида мешавад?
— Ҳама гуна молу маҳсулоти воридшаванда, аз ҷумла бозичаҳо аз ташхис гузашта, сертификати мутобиқат мегиранд. Бозичаҳо аз кишварҳои Аврупо, Россия, Эрон, Ӯзбекистон ва Чин ворид мешаванд. Дар 9 моҳи соли ҷорӣ 7794 дона бозичаҳои пастсифат ошкор ва аз муомилот гирифта шуда, нисбати фурӯшандагон чораҳои маъмурӣ андешида шуданд. Бо соҳибкороне, ки талаботи қонунҳои амалкунанда ва регламентҳои техникиро риоя накардаанд, вохӯриҳо доир карда шуданд.
— Шумо ҳамчун мутахассис истеъмоли маҳсулоти ширии кадом корхонаро тавсия медиҳед: “Файзи Расул” ё “Шири Душанбе”?
— Ҳарду корхонаро тавсия медиҳам, зеро ҳардуи онҳо сертификати мутобиқати сифати маҳсулотро доранд.
— Агар дар бозору марказҳои савдо ба маҳсулоти бесифат дучор шавем, ба кӣ муроҷиат намоем?
— Истеъмолкунандагон ҳангоми харид ба сифати маҳсулот диққат диҳанд ва аз фурӯшандагон сертификати мутобиқатро талаб намоянд. Дар ҳолати поймол гардидани ҳуқуқҳо ба Агентии “Тоҷикстандарт” муроҷиат намоед. Истеъмолкунандагон инчунин метавонанд тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ муроҷиат кунанд.
Телефонҳои тамос: 2-33-68-69, 2-33-44-99. Рақами вайбер: 988502222.
Таҳияи Усмон Раҳимзода
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ