“Тоҷикстандарт”: Зиёда аз 619 ҳазор кг маҳсулоти бесифат ба қайд гирифта шуд
Темурҷон Абдулваҳобзода, директори Агентии “Тоҷикстандарт” имрӯз зимни нишасти матбуотӣ хабар дод, ки дар нимсолаи якуми соли 2022 дар натиҷаи гузаронидани назорати давлатӣ ба миқдори 619 ҳазору 386 кг маҳсулоти гуногуни ба талабот ҷавобгӯ набуда ба қайд гирифта шудааст.
Тавре зикр гардид, ин намуди маҳсулот аз ҷиҳати бехатарӣ ва аз рӯи тамғагузорӣ дар борҷомаашон муайян карда шудаанд.
— Аз ҷониби агентӣ аз рӯи сифату бехатарӣ ва тамғагузорӣ 4645 кг маҳсулоти гӯштӣ, 5621 кг равған, 3004 литр нӯшокиҳои спиртӣ, 793 литр нӯшокиҳои ғайриспиртӣ, 1316 кг маҳсулоти қаннодӣ, 303 кг маҳсулоти ширӣ, 16 ҳазору 984 кг иловагиҳои ғизоӣ, 701 кг қанд, набот ва асал, 11960 кг намак, 500 ҳазору 850 кг ғалладонагӣ, 401 кг консерва, 3211 кг меваи хушк, 14288 дона тухм ва дигар маҳсулот ғайристандартӣ дониста шуда, мутобиқи тартиби муқарраргардида нисбат ба субъектҳои хоҷагидор чораҳои маъмурӣ андешида шуданд,- афзуд манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ