То ҳанӯз ҳукумати Толибонро ҳич як кишвари дунё эътироф накардааст

Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон гуфт, ки аз тақрибан ҳафтод намояндагии расмии Кобул дар кишварҳои ҷаҳон ва Созмони Милали Муттаҳид ҳанӯз ҳеч кадом ҳукумати “Толибон”-ро эътироф накардаанд.

Муҳаммад Зоҳир Ағбар рӯзи 8-уми сентябр дар нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт: “Ман бо “Толибон” вақте вориди суҳбат хоҳам шуд, ки ба қонунҳои байнулмилалӣ ва ҳуқуқи зану кӯдак эҳтиром қоил бошад. То вақте ки Толибҳо ба ин асл эҳтиром накунанд, ба ҳеч ваҷҳ ҳозир нестам, ки бо онҳо дохили суҳбат шавам.”

Муҳаммад Зоҳир Ағбар афзуд, пас аз фирори раисҷумҳур Ашраф Ғанӣ баъзе аз раҳбарони дигари Афғонистон, бо шумули муовини аввали ӯ Амруллоҳ Солеҳ, “дар дохили кишвар ҳастанд”. Ба қавли ӯ, тибқи қонун Солеҳ роҳбари кишвар дониста мешавад ва ба ин далел дар даромадгоҳи сафорати Афғонистон дар Душанбе акси ӯро гузоштаанд.

“Танҳо маршал Дӯстум не, балки тамоми раҳбарони ҷиҳод ва муқовимат, касоне, ки ба Афғонистон эътиқод доранд, дар ин авохир ҷамъ мешаванд, Шумо шоҳиди як шӯрои бузурги муқовимат дар саросари Афғонистон хоҳед буд. Бо Амруллоҳ Солеҳ давомдор дар иртибот ҳастам, феълан сарпарастии раёсати ҷумҳурии Афғонистонро ба дӯш дорад. Дар дохили хоки Афғонистон, дар Панҷшер қарор дорад”, — илова кард сафир.

Ҳоло ки “Толибон” ҳайати ҳукумати худро дар Афғонистон эълон кардааст, сарнавишти минбаъдаи сафоратҳои ин кишвар дар хориҷ, аз ҷумла дар Душанбе, норӯшан мемонад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *