То 15-уми феврал шиносномаҳоро иваз карда, симкорт гиред! (аудио)

Масъулин таъкид мекунанд, ки барои азнавбақайдгирии симкорт бояд шаҳрвандони кишвар то 15-уми феврал шиносномаи намунаи соли 1996-ро ба намунаи соли 2014 иваз намоянд.

Гуфта мешавад, ки дар асоси талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9-уми феврали соли 2019 фурӯш ва азнавбақайдгирии симкортҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 2014 анҷом дода мешавад. Яъне шаҳрвандоне, ки шиносномаи намунаи соли 1996 доранд, уҳдадор шудаанд, ки чунин намуди шиносномаро то 15-уми феврали соли 2022 бо шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, намунаи соли 2014 иваз намуда, бо ин шиноснома симкортҳои худро дар ширкатҳои мобилӣ аз нав ба қайд гиранд.

Ба иттилои шуъбаи таҳлилӣ, назоратӣ ва ҳуқуқи Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, давоми соли 2019 то моҳи феврали соли 2020-ум 1 миллиону 277 ҳазор нафар шаҳрвандон бо шиносномаи намунаи соли 2014 таъмин шудаанд ва аз соли 2014 то ба ҳол 3 миллиону 992 ҳазор шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон шиносномаи намунаи соли 2014 гирифтаанд.

Ҳамчунин, иттилоъ дода мешавад, ки то имрӯз 2,4 миллион нафар истифодабарандагон — муштариёни SIM-кортҳо дар асоси шиносномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон — намунаи соли 1996, яъне шиносномаи коғазӣ ба қайд гирифта шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *