“Тоҷик Эйр” фаъолияти худро бо интиқоли зойирон аз сар мегирад
Бино ба маълумоти ширкати “Тоҷик Эйр”, аз моҳи августи соли ҷорӣ ҳавопаймоҳои ин ширкат парвозҳои доимии худро аз сар мегиранд.
Бино ба маълумоти ширкати “Тоҷик Эйр”, аз моҳи августи соли ҷорӣ ҳавопаймоҳои ин ширкат парвозҳои доимии худро аз сар мегиранд.
Икром Субҳонзода, раиси Агентии авиатсияи гражданӣ дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе дар ин бора хабар дод.
Ба гуфтаи вай, дар аввалҳои моҳи август ҳавопаймоҳои ширкати “Тоҷик Эйр” зойирони тоҷикро ба шаҳрҳои муқаддаси Макка ва Мадина мерасонад. Ба ин манзур ҳавопаймоҳо пурра омода шудаанд.
Зимнан, 4 январи соли ҷорӣ ширкати “Тоҷик Эйр” ба далели мушкилоти молӣ ҳамаи парвозҳояшро мутаваққиф кард. Парвозҳои доимии ин ширкатро ба самтҳои мухталиф ширкати “Сомон Эйр” анҷом дод.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ