«Тоҷик Эйр» фонди хайриявии худро таъсис дод
Аз гузориши директори ҶСК «Тоҷик Эйр» Хайрулло Раҳимов дар бораи натиҷаҳои фаъолияти соли гузашта ҳангоми нишасти матбуотӣ маълум шуд, ки ҷамъияти мазкур беш аз 325 ҳазор мусофирро интиқол дода, нисбат ба соли 2015 12182 нафар зиёд кашондааст. Ин нишондод дар натиҷаи самаранок истифода бурдани иқтидори ҳавопаймоҳо муяссар гардидааст. Географияи парвозҳои ҷамъият низ васеъ шуда, хатсайрҳои Душанбе – Пекин – Душанбе, Душанбе – Сургут – Душанбе ва Хуҷанд – Нижневартовск – Хуҷанд фаъол гардиданд.
Х. Раҳимов дар баробари нишондиҳандаҳои дигари хубу қаноатбахш аз корҳои анҷомдодаи хайриявӣ ва инсондӯстона ҷамъият ҳарф зад. Аз ҷумла, 475 адад борҳои «Груз-200» ва 192 мусофири депортатсияшударо интиқол дода, ба оилаҳои камбизоат, кӯдакони ятиму бепарастор ва мактаб-интернатҳо кумакҳои молиявӣ расондааст.
Аз моҳи январи соли равон, ба мақсади кумакрасонӣ ба кӯдакони то 12-солаи мубталои бемориҳои онкологӣ ва дилбуда Фонди хайриявии «Тоҷик Эйр» кушода шудааст, ки ба он 2 сомонӣ аз ҳар як чиптаи ҳавопаймоӣ ворид карда мешавад.
Эмоми НАЗАРИЁН
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ