«Тоҷик Эйр» истифодаи смартфонҳои «Samsung Note 7» маън кард

 Ширкати ҳавопаймоии миллии «Тоҷик Эйр» истифодаи смартфонҳои тамғаи «Samsung Note 7»-ро дар дохили тайёраҳои худ манъ кард. Дар ин бора ба pressa.tj Хайруллоев Азизулло Абдуллоевич котиби матбуотӣ «Тоҷик Эйр» хабар дод.
Ин қарорро роҳбарияти ширкат бо сабаби зиёд шудани ҳодисаҳои худ аз худ оташ гирифтани смартфонҳои тамғаи «Samsung Note 7» ҳангоми гирифтани қувва қабул намуд.
«Таъмини амнияти мусофирон ҳангоми сафар вазифаи стратегии мо мебошад, ки ширкати миллии Тоҷикистон ин вазифаро бечуну чаро иҷро менамояд. Манъ намудани смартфонҳои ин тамға дар дохили тайёра низ бо мақсади амнияти мусофирон ба роҳ монда шуд»,- иттилоъ дод намояндаи «Тоҷик Эйр».
Мусофироне, ки бо худ ин тамғаи телефонро доранд, пеш аз қайдгузарӣ бояд онро ба шахсони гуселкунанда диҳанд ва бо худ ба тайёра ворид насозанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *