Тоҷик сари ҳамватанашро аз тан ҷудо карду гурехт

Матбуоти Русия мегӯяд, ки дар шаҳри Екатеринбург як шаҳрванди Тоҷикистонро бо гумони қатли бераҳмонаи як ҳамватанаш ҷустуҷӯ доранд. Сари буридае, ки 20 рӯз пеш ёфта буданд, ба як муҳоҷир аз Тоҷикистон тааллуқ доштааст.

Бино ба гузориши шабакаи «Лайф”, ки ба мақомоти интизомии Русия наздик аст, пулис ва кумитаи тафтишоти вилояти Свердловск шаҳрванди 45-солаи Тоҷикистон Анвар С.-ро ҷустуҷӯ доранд. Анвар С. ба қатли бераҳмонаи як зодаи дигари Тоҷикистон бо номи Эдуард С.айбдор мешавад. Эдуард ё Эдик зоҳиран лақаби ин муҳоҷири тоҷик дар ҷои кору зиндагиаш дар шаҳри Екатеринбург аст.

Тафтишот ахиран маълум кардааст, ки каллаи аз тан ҷудое, ки рӯзи 13 апрел сокинони ноҳияи Завокзалнийи шаҳри Екатеринбург пайдо карданд, сари Эдуард будааст. Дасту по ва бадани ӯро мақомот чанд рӯз баъди ёфтани сари буридааш пайдо карданд.

Қотил ҳам калла ва ҳам аъзои бадани мақтулро дар халтаҳои алоҳида ҷо карда, дар гӯшаҳои гуногуни Екатеринбург партофта будааст.

Манобеи «Лайф” дар мақомоти интизомии Екатеринбург гуфтаанд, ки Эдуард дар як сохтмон кор мекард ва дар хобгоҳ зиндагӣ дошт. Гумонбари асосӣ дар қатли ӯ ҳамсояаш дар ин хобгоҳ Анвар С. шумурда мешавад.

Сокинони хобгоҳ гуфтаанд, ки қабл аз ин куштор Анвар ва Эдуард бо якдигар муноқиша ва занозанӣ карда буданд. Ба гуфтаи онҳо, зане ки бо Анвар дар ин хобгоҳ ҳамроҳ зиндагӣ мекард, аз рӯи акси сари бурида Эдуардро шинохтааст. «Вале дар ҳуҷраашон ягон изи хун наёфтанд,” – афзудаанд ҳамсояҳо дар сӯҳбат бо хабарнигори «Лайф”.

Ҳамсояҳо ҳамчунин гуфтаанд, ки баъди ғайб задани Эдуард Анвар низ бенишон шуд. Ба бовари онҳо, Анвар ғолибан ба Тоҷикистон рафтааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *