Тоҷикбача ду моҳигирро кушту якумра зиндон рафт
Додгоҳи вилояти Маскав Хисрав Орипов, шаҳрванди 25-солаи Тоҷикистонро бо ҷурми куштани ду моҳигир ва муқовимат ба кормандони пулис дар моҳи июни соли 2016 ба ҳабси умрбод маҳкум кард. Сабаби ба моҳигирон ҳамла кардани Хисрав Орипов рӯшан нест.
Хисрав Орипов тақрибан ду сол пеш бо мақсади кор ба Русия омад ва дар шаҳраки Фрязинои вилояти Маскав маскун шуд. Хисрав Орипов дар корхонаи мебелсозии Фрязино кор мекард ва ҳамзамон ба варзиш машғул буд. Ӯ ҳар рӯз дар атрофи кӯли Барский медавид.
Субҳи барвақти 17 июни соли 2016 низ Хисрав бо мақсади давидан дар атрофи кӯл аз манзили иҷорааш берун шуд. Дар ин асно се сокини маҳаллӣ – Александри 44-сола, Виталийи 42-сола ва Игор, ки 39 сол дошт, дар кӯли Барский моҳигирӣ мекарданд.
Маълум нест, ки вақте Хисрав аз паҳлуи ин се моҳигир мегузашт, байни онҳо чӣ моҷарое пеш омад? Вале аз маводи парвандааш, ки нашрияи «МК”-и чопи Маскав нашр кардааст, чунин бармеояд, ки Хисрав Орипов бо корд ба ин се дӯсти моҳигир ҳамла кардааст.
Игор гуфтааст, ки банохост зарбаи сахтеро ҳис кард ва аз по афтода, аз ҳуш рафт. Ӯ вақте ба худ омад, дид, ки Хисрав Орипов дар даст корди хунин дорад. Игор бо талвоса аз ҷои ҳодиса гурехт, ки пулисро хабар кунад.
Дар ин байн, ба гуфтаи тафтишот, Хисрав Орипов бо корд ба Александр ва Виталий ҳамла кардааст. Александр, ки мехост аз худ дифоъ кунад, аз дастонаш чанд зарби корд хӯрд ва як зарбаи дигар аз ноҳияи гарданаш, ки сабаби марги ӯ шуд. Виталий низ чандин зарби корд хӯрд ва дар ҷои ҳодиса ҷон дод.
Игори захмӣ дар ин муддат худро то шӯъбаи пулис расонда, аз дучори ҳамла шуданашон хабар додааст. Кормандони пулис вақте ба лаби кӯл расиданд, ки ду моҳигири дигар алакай ҷон дода буданд. Баъди каме ҷустуҷӯ пулис Хисрав Ориповро корд дар даст пайдо кард.
Хисрав Орипов ба кормандони пулис низ муқовимат ниҳон дода, яке аз онҳоро аз сари китфаш корд зад, вале афсари пулисро бронежилет наҷот дод.
Пулис баъди чунин муқовимат ба пои Хисрав тир зада, ӯро аз пой афтонд ва дастгир кард.
Ба гуфтаи тафтишот, ӯ яке аз моҳигиронро бо 43 зарбаи корд ва дувумиро бо 61 зарба куштааст. Додгоҳи вилояти Маскав Хисрав Ориповро дар куштор ва сӯиқасд ба ҷони корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гунаҳкор шинохт ва ба ҳабси умрбод маҳкум кард.
Нашрияи «МК” менависад, ки Хисрав Орипов гӯё исломгаро буд ва аз хонааш адабиёти мазҳабӣ пайдо кардаанд. Вале иддаои «МК” дар бораи изи исломӣ дар ин ҳодиса як андоза пойдарҳаво менамояд ва сабаби дар он субҳи барвақти як соли пеш ба се моҳигир чунин бераҳмона ҳамла кардани ин шаҳрванди Тоҷикистон ҳамчунон норӯшан боқӣ мемонад. Худи Хисрав дар ҷараёни мурофиа гуфтааст, ки чизеро ёд надорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ