Екатеринбург: Тоҷикбачча сари ҳамкорашро бурид

Пулиси шаҳри Екатеринбург баъди як моҳи кофтукоб Миробид Норқулов, шаҳрванди 28-солаи Тоҷикистонро ба гумони қатли як зани 49-солаи ҳамкораш боздошт кардааст.

Тибқи иттилоияи мақомоти тафтишотии Екатеринбург Миробид бо марҳум дар як қаҳвахона кор мекардааст: “Ҷавони тоҷикистонӣ дар қаҳвахонаи ноҳияи Киров посбон ва ҷабрдида косашӯй будааст. Санаи 12 август Норқулов зани ҳамкорро ба хонаи худ даъват карда, ба қатл расонда, ҷасадашро ба ҷангал бурдааст”. Манбаъ афзуд, муттаҳам дар қатл ҷавоҳироти тилоии ҷабрдидаро гирифта, аз фурӯши онҳо даҳҳо ҳазор рубл ба даст овардааст Ин гумонбари тоҷик давоми як моҳи охир пас аз муроҷиат кардани наздикони ҷабрдида таҳти пайгирӣ будааст ва ба гуфтаи мақомоти рус зимни боздошт низ муқобилият нишон додааст.
Мақомоти тафтишотӣ мегӯянд, феълан нисбати Норматов парванди ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.
Рустам Азими

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *