Тоҷикбаччаи ғаюр фиристодаи ДОИШ-ро кушт ва додарашро наҷот дод

Азимҷон, як ҷавонмарди 26-сола аз деҳаи Амоншайхии Ваҳдат барои наҷоти додараш бо Аҳлиддин ном эмиссари созмони тундрави ДОИШ дар Маскав дастбагиребон шуд ва нагузошт, ки додарашро ба Сурия баранд. Азимҷонро ахиран барои куштани он эмиссар ба 6 соли зиндон маҳкум карданд.

Нашрияи «МК”-и чопи Маскав бо такя ба манобеаш дар додситонии ноҳияи Симонови пойтахти Русия қиссаи Азимҷон ном ҷавонмарди тоҷик аз деҳаи Амоншайхии ҷамоати Чӯянгарони ноҳияи Ваҳдатро нашр кардааст, ки барои наҷоти ҷони додараш аз чанги ДОИШ эмиссари ин созмони тундравро кушт ва ба зиндон нишаст.

Додгоҳи Маскав ахиран Азимҷони 26-соларо бар асоси қисми чоруми моддаи 111-уми Кодекси ҷиноятии Русия (барқасдона расондани осеби вазнин ба саломатӣ, ки аз беэҳтиётӣ сабаби марги инсон шудааст) ба 6 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард.

Аммо тафсилоте, ки «МК” овардааст, Азимҷонро на як ҷинояткор, балки марди баномусе тасвир мекунад, ки барои наҷоти ҷони бародараш ба чӣ қурбоние розӣ шудаву чӣ қаҳрамониҳое нишон додааст.

Азимҷон ва додараш Ҳоҷимуҳаммад соли 2015 аз Амоншайхӣ ба Маскав омада, дар як маркази тиҷоратӣ ҳамчун мардикор ба кор пардохтаанд. Рӯзе додараш Ҳоҷимуҳаммад ба Азимҷон нақл мекунад, ки як ҳамкорашон ба вай 10 ҳазор доллар пешниҳод кардааст. Аммо барои ин ӯ бояд тавассути Туркия ба Сурия биравад ва дар сафи ДОИШ биҷангад.

Азимҷон аз ин гуфтугӯ бо додараш ҳамчунин фаҳмид, ки Аҳлиддин ном эмиссари ДОИШ Ҳоҷӣ ва чанд коргари дигарро барои шунидани мавъизаҳо дар бораи ба номи «ҷиҳод” чанд бор ба шаҳри Красногорски вилояти Маскав бурдааст.

Дар ниҳояти кор асноди Ҳоҷӣ ба дасти он эмиссари ДОИШ афтод. Ӯ гуфтааст, ки барояш визаи сафар ба як кишвари мусалмониро дуруст мекунад.

Дар ибтидои моҳи августи соли 2015 модари Азимҷон ба телефони писари хурдиаш занг мезанад, вале ба ҷои Ҳоҷӣ телефонро ҳамон эмиссар мебарадорад ва мегӯяд, ки Ҳоҷиро ба зудӣ ба Сурия мефиристанд, то ки дар сафи ДОИШ «ҷиҳод” кунад.

Аз ин хабар фиғони модар ба ҳаво печид ва ӯ ба гиряву зорӣ даромад, ки писарашро сар диҳанд. Эмиссари ДОИШ дар ниҳоят розӣ шуд, ки Ҳоҷиро аз сафар баргардонад, вале ба шарте ки … ягон нафари дигар ҷои ӯро пур кунад.

Модари бечора ба хотири наҷоти фарзандаш парида, ба Маскав омад. Рӯзи 7 сентябр, баъди онки Азимҷон худашро ба ҷои додараш пешниҳод кард ва аснодашро ба дасти Аҳлиддин дод, Ҳоҷиро ҷавоб доданд. Модари онҳо Ҳоҷиро дар ҷои муқарраршуда дар назди фурӯшгоҳи шаҳри Красногорск пайдо кард ва бо худ бурд. Ӯ баъдан қисса кард, ки ӯро маҷбур ба онҷо бурда буданд ва агар Азимҷон дахолат намекард, ногузир ба Сурия равонаш мекарданд.

«МК” дар идомаи гузоришаш менависад, албатта, Азимҷон ягон азми рафтан ба Сурия надошт ва Аҳлиддинро аз ин огоҳ кард. Ӯ рӯзи 13 сентябри соли 2015 дубора ба пеши Аҳлиддин омад, то санадҳояшро бигирад. Байни онҳо муноқиша бархост ва Азимҷон ба сари сина ва рӯи Аҳлиддин чанд зарба заду рафт. Танҳо як сол баъд, вақте кормандони пулис ба суроғаш омаданд, Азимҷон фаҳмид, ки он зарбаҳояш сабаби марги Аҳлиддин шудаанд.

Ба ҳисоби мақомоти Тоҷикистон, дастикам 1144 шаҳрванди тоҷик дар солҳои охир ба Сурияву Ироқ рафта ба сафи созмонҳои тундрав, асосан ба ДОИШ пайвастаанд. Ба бовари мақомоти Тоҷикистон, беш аз 80 дарсади онҳо ҳангоми муҳоҷирати корӣ дар Русия ба доми мубаллиғони «ҷиҳод”-и дурӯғини ДОИШ ва созмонҳои дигари ифротӣ афтодаанд.

Танҳо як мубаллиғ бо номи Анӯшервон Азимов, мулаққаб ба Абӯ Усомаи Норакӣ, аз деҳаи Тутқавули Норак, ба ҳисоби мақомот, беш аз 100 муҳоҷири тоҷикро дар Русия ба сафи ДОИШ ҷалб карда ва дар ниҳоят худаш низ ба Сурия фирор кардааст.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, то имрӯз дар бораи ҳалокати дастикам 300 шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷангҳои Ироқу Сурия гузориш шудааст. Баъди танг шудани мавқеи ДОИШ дар Ироқ дар бораи асир афтодани даҳҳо зану фарзанди ҷангиёни тоҷик хабарҳо нашр шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *