Тоҷикдухтар ғолиби «Зеботарин лабханди ҷаҳон» гашт

Садорат Мамадқулова дар давраи ниҳоии озмуни «Зеботарин лабханди ҷаҳон» барандаи ҷоизаи раиси ҳайъати доварон — «Дилработарин лабханд» шуд

 Садорат Мамадқулова дар озмуни байналмилалии «Зеботарин лабханди ҷаҳон» дорандаи «дилработарин лабханд» шинохта шуд. Вай барандаи ҷоизаи Раиси ҳайъати доварони озмун шуд.

Пештар зебосанам ба даҳгонаи давраи ниҳои озмуни «Зеботарин лабханди ҷаҳон» роҳ ёфта буд.

Давраи ниҳоии озмунро родюи ЛипетскFM имрӯз аз соати 08:05 то 08:15 мустақим пахш кард ва дар он ғолибони озмун муайян гардиданд.
Садорат Мамадқулова 25 сол дорад ва дар яке аз созмонҳои бонкӣ фаъолият дорад.

Гулнигор Тиллоева: зебосанами забондон ва пуштибони муҳоҷирон

Озмуни байналмилалии «Лабханди ҷаҳон» озмуне иҷтимоъӣ аст, ки дар он хонумҳое метавонанд ширкат кунанд, ки 18 ва бештар сол дошта бошад. Қаду қомату вазну вазъи хонаводагии бонувон муҳим нест.

Муҳимтарин меъёр дар ин озмун доштани назари мусбат ба зиндагӣ ва лабханди зебо аст.

«Ҳадафи аслии ин тарҳ — усутувор кардани дӯстӣ миёни мардумони ҷаҳон аст. Ин озмун бо ҳадафи ташвиқи ханда, некӣ ва хушрафторӣ бо дигарон баргуор мешавад. Яке дигар аз ҳадафҳои тарҳ шиносоии духтаронест, ки нигоҳи мусбат ба зиндагӣ ва лабханди зебо доранд», — гуфта мешавад дар вебгоҳи озмун.

Барандагони ин озмун на танҳо диплому ҷоиза, балки пешниҳоди ширкат дар тарҳҳои иҷтимоъиро низ дарёфт мекунанд. Ҷоизаи аслии ин озмун 2 ҳазор дулори амрикоӣ аст, ки ба дорандаи зеботарин лабханд тақдим мешавад.

Ин озмун моҳи майи соли равон оғоз шуд. Он аз се давра — чорякфинал, нимниҳоӣ ва ниҳоӣ иборат аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *