Тоҷикдухтар шавҳари чинӣ карду…

Хабари издивоҷи духтари тоҷик бо марди  хитоӣ дар сархати расонаҳо қарор гирифта буд. Домод аслан барои ривоҷи кор ба Тоҷикистон омада, тасодуфан бо Марҷона ном зебосанами тоҷик вомехӯрад ва ин вохӯрӣ дари бахтро ба рӯйи ҳарду  мекушояд. Марҷона  аз шавҳари хориҷӣ карданаш хурсанд буда, дар суҳбат ба хабарнигорон иқрор шуд, ки  тақдир ӯро бо ин марди  чинӣ дар ошхонае рӯ ба рӯ намуда,  Ванг аз нигоҳи аввал ба ӯ писанд афтода буд. Арӯси хушбахт он рӯзи афсонавиро ба ёд оварда, чунин гуфтааст: “Мо то роҳи калон суҳбат када омадем ва Ванг дарҳол бо ман пешниҳоди хонадоршавӣ намуд…”  Ба суоли журналистон дар бораи он ки забонро надониста, чӣ тавр бо марди хориҷӣ суҳбат карданаш Марҷона бо табассум ҷавоб додааст, ки онҳо бо забони русӣ суҳбат карда, ба дили ҳамдигар роҳ ёфтаанд. Ин ҷуфти хушбахт пас аз баргузории тӯяшон як муддат дар Тоҷикистон монда, баъдан ба Тайван рафтанд. Ҳоло Марҷона бо шавҳараш Ванг дар шаҳри Сичуани вилояти Шансии Хитой зиндагӣ мекунад. Расонаҳои машҳури хитоӣ менависанд, ки тоҷикдухтар барои дар дили шавҳараш амиқтар маъво гирифтан забони чиниро омӯхтааст. Тоҷикдухтар аллакай аз шавҳари чиниаш фарзанд дорад ва ба қавли худаш шоҳона умр ба сар мебарад.

Аксари корбарони сомонаҳои иҷтимоӣ бар он назаранд,ки Ванг аз толеи баландаш соҳиби ин тоҷикдухтари нозанин гардидааст. Шумо чи назар доред?

Рустам Азимӣ

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

16 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *