Тоҷикдухтарон 15 гол сар дода, 1 гол заданд

 29 октябр даври аввали бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё байни бонувон (U-19), ки аз 24 октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор оғоз ёфта буд, ба анҷом расид. Дар он дастаҳои мунтахаби бонувони Тоҷикистон, Кореяи Ҷанубӣ, Тайбеи Чин ва Бангладеш иширок карданд.

Дастаи мунтахаби духтарони футболбози 19-солаи тоҷик дар се бозӣ аз дастаи мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ (3:0), Тайбеи Чин (7:0) ва Бангладеш (5:1) мағлуб шуданд. Ягона тӯби дастаи мунтахаби Тоҷикистонро ба дарвозаи Бангладеш Гулсунбӣ Ҳалимова ба нишон расонд.

Дастаи мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ дар ҳунарнамоӣ аз ҳамаи дастаҳои ширкаткунанда як сару гардан боло буд. Дар баробари духтарони Тоҷикистон Бангладеш бо ҳисоби 7:0 ва Тайбейи Чин 2:0 ба мағлубият дучор шуданд ва Кореяи Ҷанубӣ бо касби 9 имтиёз соҳиби ҷои аввал гардид.

Зинаи дуввумро бонувони дастаи мунтахаби Тайбейи Чин бо ду ғалаба бар Тоҷикистон (7:0) ва Бангладеш (2:0) бо нишондоди 8 имтиёз ба даст оварданд.

Бангладеш бо се имтиёз барандаи ҷои сеюм гардид.

Ба даври дуввуми бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё байни бонувони то 19-сола, ки аз 22 то 30 апрел мегузарад, дастаҳои мунтахаби Австралия, Эрон, Лубнон, Миянма, Непал, Кореяи Ҷанубӣ, Ӯзбекистон ва Ветнам роҳхат гирифтанд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *