Тоҷике дар Русия ба 12 сол зиндон маҳкум шуд

Суди ноҳияи Красноярски вилояти Самараи Русия як шаҳрванди Тоҷикистон барои қочоқи маводи мухаддир ба 12 солу 6 моҳ равонаи зиндон кардааст.

Бино ба иттилои маркази матбуоти прокуратураи вилояти Самара, фарди гумонбар рӯзҳои 23-24 ноябри соли 2018 ба миқдори 25 килограмм маводи мухаддири героинро аз Толяттӣ харидорӣ карда ва озими шаҳри Кемерово шудааст. Дар ҳудуди ноҳияи Красноярски вилояти Самара пулис ин шахсро боздошт кардааст.

Ҳамчунин, кормандони ҳифзи ҳуқуқи Русия дар шаҳри Пензаи ин кишвар ду шаҳрванди Тоҷикистонро ба гумони қочоқи маводи мухаддир дастгир кардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *