Тоҷике, ки 34-сол мошинсавор ба беш аз 160 давлати ҷаҳон сафар кардааст
«Сафар кардан – ҷаҳон дидан», «Ҷаҳонгашта бошу ҷаҳонхӯрда не», «Сайр ҳам сайру саргардонӣ ҳам сайр» -ҳикматҳои мардумиеанд, ки аз таҷрибаи рӯзгор пайдо шудаанд. Яъне, сайру саёҳат ва ҷаҳонгардӣ барои мо, тоҷикон шуғли бегона набудааст. Ба ёд орем, сафарҳои Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозиро, ки пои пиёда чандин давлатҳои Осиёро гашта, зиёрати Каъба карда буд. Ҳаким Абуалӣ ибни Сино, Носир Хусрави Қубодиёнӣ, Зайниддин Восифӣ ва даҳҳо бузургонамон чандин солҳои умрашонро дар сафару саёҳат гузаронда, сафарномаҳо навиштаанд, ки аҳамияти таърихию илмии зиёд доранд.
Шуғли саёҳат дар замони соҳибистиқлолии кишвар эҳё гашта,ба муаррифии тоҷикону Тоҷикистон дар арсаи олам замина гузошт. Соли 2010 Алексей Афғонов – зодаи Тоҷикистон аз шаҳри Рязани Русия то Душанбе 5000 километрро паймуда, аз мавзеъҳои замони бачагиаш дидан кард. Соли 2012 сокини минтақаи Кӯлоб Абдулазиз Раҷабов сарфи назар аз мушкилиҳо ва монеаҳои сунъӣ пиёда хонаи Худоро зиёрат кард. Матонату шуҷоат ва тобоварӣ хислати аслии дӯстдорони чунин сайру саёҳат ба шумор мерафтааст, ки моҳу солҳо дур аз хонадону дӯстон ҳазорон километр масофаро паси сар намуда, урфу одатҳои мардумони кишварҳоро омӯхта ва урфу одати миллати худро ба онҳо мешиносонанд.
Дар байни сайёҳони тоҷик Саидаҳмад Давлаҳмадови 70-сола, ки зодаи шаҳри Кӯлоб мебошад, бо сафарҳои тӯлониаш ба даҳҳо кишварҳои дунё маъруф гаштааст. Ихтисоси асосии С. Давлаҳмадов уқёнусшинос (океанолог) буда, муҳаққиқу сайёҳи асил мебошад. Ӯ пас аз хатми факултаи уқёнусшиносии Омӯзишгоҳи ҳарбӣ-баҳрии Озарбойҷон ба хизмати низомӣ дар флоти уқёнуси Ором даъват шуд. Хизматро адо карда, зиндагиашро дар кишвари Приморйеи Русия давом дод. Саидаҳмад Давлаҳмадов ба сафари нахустинаш соли 1982 ба роҳ баромад. Ӯ бо мошини сабукрави «Москвич-407» аз шаҳри Кӯлоб то шаҳри Владивосток сафар кард. Ӯро дар ин ҷо ҳамчун қаҳрамон ботантана ва бо нону намак пешвоз гирифтанд. Алҳол ин мошин ба сифати муҷассама дар маркази Приморйе гузошта шудааст.
34 сол дар паси чанбарак саёҳат кардану ҷаҳон дидан шуғли осон нест. Саёҳати дуюми Саидаҳмад Давлаҳмадов аз Владивосток то кишвари Бангладеш сурат гирифт. Сайёҳи тоҷик зимни ин сафар ба Тоҷикистони азиз пас аз дидани шаҳрҳои қисмати осиёгии Русия, Хитой, Муғулистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон аз ҳудуди Қирғизистон ворид шуда, ба аёдати хешу табор мушарраф гардид. Баъд аз ин ба воситаи Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ — Покистон, Ҳиндустон, Непал ва Бангладеш сафар кард.
С. Давлаҳмадов мегӯяд, ки ҳамчун афсари флоти Уқёнуси Ором Амрико, Исландия, Англия, Австралия, Зеландияи Нав ва Ҷопонро дидааст. Бо мошини «Ниссан» садҳо ҳазор километр роҳҳои гуногуни ҳамаи кишварҳои Осиё ва қисмати Аврупоро паси сар намудааст. Кишварҳои Хитой, Кореяи Шимолию Ҷанубӣ, Таиланд, Малайзия, Сингапур, Вйетнам, Индонезия, Шри-Ланка, Юнон, Эрон, Доғистон, Гурҷистон, Озарбойҷон, Аврупо, Африқо, Фаластин, Туркия, Лубнон ва Исроил — ҷамъулҷамъ 160 давлатро бо мошин сафар намудааст. Ӯро дар ҳама ҷо ҳамчун қаҳрамон истиқбол гирифта, барояш нишастҳои матбуотӣ баргузор менамоянд ва бо туҳфаҳо арҷгузорӣ мекунанд. Барои шуҷоату далерӣ бо медалҳои хотиравӣ ва дипломҳо мукофотонидаанд.
Ҳамватани бонангу номусамон С. Давлаҳмадов рушди сайёҳии автомобилиро дар сатҳи ҷаҳонӣ мебинад. Аз ин рӯ, ҳар гоҳе ки аз қаламрави кишваре сафар карданӣ шавад, харитаи хатсайри мошинашро дақиқ тартиб дода, манзури ҳукуматҳои он давлат мегардонад. Ин тадбир бисёр монеаҳои сунъиро аз хатсайри сафар бартараф месозад.
-Ман ба таърихи кишварҳои сафаркардаам таваҷҷуҳ мекунам, осорхонаҳоро дида, бо муаррихон суҳбат меороям, — мегӯяд Саидаҳмад Давлаҳмадов. — Ин шуғли дигари ман шудааст. Тасаввуроти беҳтарини худро дар рӯзномаи ёддоштҳоям қайд мекунам. Саёҳати дарозмуддаттаринро ман аз соли 2007 то соли 2015 кардаам. Панҷ солашро дар Русия ва Осиёи Ҷанубию Марказӣ гузаронда, зиёда аз сесад ҳазор километрро паси сар намудаам.
Чӣ С. Давлаҳмадовро водор мекунад, ки ҷаҳонгардӣ намояд? Рағбат ба донишандӯзӣ, шиносоӣ бо кишварҳои наву мардумони онҳо. Маълумоти дар сафарҳо гирдовардаи ӯ имрӯз дар 11 ҷилд зикр шудааст. Вай дар бораи саёҳаташ ба Муғулистон хотираҳои ҷолиб ҷамъ кардааст.
— Бисёр мехостам биёбони Гобии Муғулистонро бо чашмони худ бинам, — нақл мекунад акаи Саидаҳмад. – Ин биёбон дар ҳудуди кишварҳои Хитой ва Муғулистон доман густурдааст. Дар ду қисмати биёбон ягон роҳи дурусти мошингард сохт нашудааст. Даҳҳо ҳазор километрро аз шарқ то ғарби биёбон гузаштам. Шабҳоро сари танҳо дар биёбон рӯз мекардам. Боре аспони ёбоӣ мошинамро мавриди ҳамла қарор доданд.
Аҳолии Муғулистон ба растанипарварӣ ҳавас надоранд. Кори асосиашон чорводорист. Аксари аҳолӣ аз қабилаҳои кӯчӣ иборат аст. Агар Тоҷикистон бо муғулҳо робитаҳои ҳамкориро ба роҳ монда, онҳоро бо меваю сабзавот таъмин намояд, манфиати зиёде мебинад. Мардумаш меҳмондӯст аст. Гумон доштам ягон каси тоҷикмонандро аз авлодони тоҷикони ба асоратбурдаи муғулҳо вомехӯрам, аммо надидам…
С. Давлаҳмадов соли 2015 ҳангоми сафари навбатиаш ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда, аз пешрафту шукуфоии Ватанаш шукргузорӣ кард:
-– Қариб тамоми ҷаҳонро гаштам, лек Тоҷикистон дигар аст. Дилам барои Ватан гум мезанад,- иқрор шуд вай.
Эмоми НАЗАРИЁН,
«Тоҷикистон»
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ