Тоҷики 17-сола дар Русия аз девонагӣ ҷон бохт
Дар вилояти Маскави Русия ҷавони 17-солаи зодаи Тоҷикистон ба асари бемории ҳорӣ ё девонагӣ дар бемористон даргузашт.
Дар вилояти Маскави Русия ҷавони 17-солаи зодаи Тоҷикистон ба асари бемории ҳорӣ ё девонагӣ дар бемористон даргузашт.
Бино ба гузориши нашрияи “Московский комсомолетс”, сокини шаҳри Бохтари Тоҷикистон бо номи Амриддин моҳи феврали соли ҷорӣ ба Русия омада ва дар шаҳри Можайск, дар назди падараш зиндагӣ мекард.
Вай то моҳи май дар ҷустуҷӯи кор буда, аммо иштиғоли муносибе барои худ пайдо накардааст.
Рӯзи 11 июл вазъи саломатии Амриддин якбора бад шуда, ҳарораташ баланд шудааст. Рӯзи дигар табибон бо гумони мубтало шудан ба бемории девонагӣ ӯро дар бемористон бистарӣ кардаанд.
Табибон гуфтаанд, ки шояд Амриддин дар Тоҷикистон ба ин беморӣ гирифтор шуда ва ё дар ҷангалҳои Русия бо пойи луч болои оби даҳани кадом ҳайвоне қадам гузошта ба ин бемории даҳшатнок мубтало шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ