Тоҷикистон: 290 сомонӣ нархи кандани як дандон
Муҳтарам Вазир! Чаро мо ба ҷои сабукӣ овардан ба мардуми худ ин кадар вазнинӣ меорем?
Чанде пеш бо зарурияте барои табобати дандон ба яке аз дандонпизишкиҳои маҳаллаи 33 муроҷиат намудам. Хулоса бо ташхис, харидории асбобу анҷоми якдафъаина ва табобат барои як дандони кӯчак 290 сомонӣ супоридам. Мехостам аз Вазири тандурустӣ бипурсам, ки оё воқаен қарори гузаронидани ташхис ва ба роҳ мондани фурӯши асбобу анҷоми якдафъаина ба беморон, бевосита ба манфиати беморон қабул шудааст ва ё ин тиҷорати нави ягон нафарест, ки ба воситаи Вазорати тандурустӣ амалӣ мешавад? Чаро мо бояд ҳам аз ташхис гузарем ва ҳам асбобу анҷомро барои табобати дандон худамон харидорӣ намоем? Оё ин ҷабр ба мардум нест? Асбобу анҷоми якдафъаинаро кадом ширкат ворид сохтааст ва чаро ҳатман беморон нахуст онро харидорӣ намуда, баъд ба табобат шурӯъ намоянд? Баъзеҳо имконияти пардохти чунин маблағро доранд, вале онҳое, ки маоши дурусте намегиранд, чӣ гуна барои табобати дандон наздик ба 300 сомонӣ пардохт намоянд?
Муҳтарам Вазир! Чаро мо ба ҷои сабукӣ овардан ба мардуми худ ин кадар вазнинӣ меорем?
Холиқназар ҶУМЪАЕВ
290 сомонӣ — Табобати як дандон.
Асбоббизнес ва ташхис тиҷорати кист?
(Муроҷиат ба Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Олимзода Насим Хоҷа)
Ё чи гуна Қарори Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ роҷеъ ба гузаштан аз ташхисҳои гуногун ва ба роҳ мондани фуруши асбобу анҷоми якдафъаина ба корафтодагон нархи дандонканӣ ва табобати онро якчанд маротиба боло бурд.
Чанде пеш бо зарурияте барои табобати дандон ба яке аз дандонпизишкиҳои маҳаллаи 33 муроҷиат намудам. Дар дандонпизишкӣ иброз доштанд, ки мувифиқи қарори нави Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимзода Насим Хоҷа бояд банда нахуст аз ташхис гузарам ва барои ташхиси Гепатити А,Б,С ва ВИЧ-инфексия хун супорам. Чун илоҷи дигаре набуд ва дандонро бояд табобат мекардам, ноилоҷ бо супоридани 55 сомонӣ дар худи ҳамон муассиса аз ташхис гузаштам ва ба табобати дандон шуруъ кардем. Вале маълум шуд, ки ташхис ин ҳанӯз анҷоми кор набудааст. Вақте ба табобат шурӯъ мекардем, духтур гуфт:
– Тибқи қарори вазир мо бояд танҳо аз асбобу анҷоми якдафъаина истифода барем.
Гуфтам:
– Бисёр хуб аст. Истифода баред.
Духтур куттии асбобу анҷомро ба пешам гузошта гуфт:
– Ин асбобхоро ман факат барои шумо истифода мебарам. Бинобар ин 65 сомонӣ барои истифодаи асбобу анҷоми якдафъаина алоҳида супоред ва онро бо худ баред. Хар вакт, ки хохед, бо ҳамин асбобҳо меоед ва мо дигар аз шумо пули иловагӣ намегирем.
65 сомониро супорида, ба табобат шурӯъ кардам ва чун кор ба анҷом расид, духтур барои табобати дандони кӯчаке аз ман боз 170 сомонӣ гирифт ва нархи табобати як дандони ман дар ниҳоят ба 290 сомонӣ баробар шуд. Ба ғайр аз ман корафтодагони дигар низ буданд, ки нахуст барои ташхис хун супорида, асбоби анҷоми барои табобати дандон истифодашавандаро харидорӣ карда, дандон табобат карданд. Ашхоси дигар низ буданд, ки норозигӣ карда, бинобар набудани имконияти молиявӣ аз кандан ва ё табобати дандон даст кашида, бозпас рафтанд.
Аз суҳбат бо доктор маълум шуд, ки мувфиқи кадом як Қарори Вазири тандурустӣ минбаъд ҳамаи духтурҳои дандон бояд аз чунин асбобу анҷоми якдафъаина истифода баранд ва пули асбобу анҷомро бояд худи беморон пардохт намоянд.
Хулоса бо ташхис, харидории асбобу анҷоми якдафъаина ва табобат барои як дандони кӯчак 290 сомонӣ супоридам.
Мехостам аз Вазири тандурустӣ бипурсам, ки оё воқаен қарори гузаронидани ташхис ва ба роҳ мондани фурӯши асбобу анҷоми якдафъаина ба беморон, бевосита ба манфиати беморон қабул шудааст ва ё ин тиҷорати нави ягон нафарест, ки ба воситаи Вазорати тандурустӣ амалӣ мешавад? Чаро мо бояд ҳам аз ташхис гузарем ва ҳам асбобу анҷомро барои табобати дандон худамон харидорӣ намоем? Оё ин ҷабр ба мардум нест? Асбобу анҷоми якдафъаинаро кадом ширкат ворид сохтааст ва чаро ҳатман беморон нахуст онро харидорӣ намуда, баъд ба табобат шурӯъ намоянд? Баъзеҳо имконияти пардохти чунин маблағро доранд, вале онҳое, ки маоши дурусте намегиранд, чӣ гуна барои табобати дандон наздик ба 300 сомонӣ пардохт намоянд? Баъдан, вақте мо асбобу анҷоми харидоришударо вақте ба хона меорем, онро дафъаи дигар бе коркард магар истифода бурда мешавад?
Хеле мехоҳам, вазири муҳтарам роҷеъ ба қарори худ равшанӣ андозанд. То онҷое огоҳем, дар ҳеҷ кишваре чунин нест. Ҳатто дар шаҳрҳои бузурге чун Маскава ва Санкт Петерберг марказҳои махсуси таъҷилие мавҷуданд, шаҳрвандон ҳатто бепул аз аз хизматрасонии онҳо истифода мебаранд. Шахсан худам дар шаҳри Маскав аз хизматрасонии чунин марказҳо истифода бурда, дандонамро ройгон канда будам. На касе маро аз ташхис гузаронида буду, на мегуфт, ки асбобу анҷоматро худат харидорӣ намо, то мо дандони туро канем ё табобат кунем. Мухтарам Вазир!
Чаро мо ба ҷои сабукӣ овардан ба мардуми худ ин кадар вазнинӣ меорем?
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ