Тоҷикистон:70% кам шудани санҷиши корхонаҳо
Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки дар соли ҷорӣ шумораи санҷиши ширкатҳо ва корхонаҳо дар кишвар ҳафтод дарсад коҳиш дода мешавад. Ба гуфтаи Файзиддин Қаҳҳорзода, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон, ҳамзамон миқдори сохторҳои давлатии санҷишӣ низ коҳиш меёбад. Вай рӯзи 31-уми июл зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки аз аввали соли ҷорӣ миқдори чунин сохторҳо аз 37 то ба 31 адад коҳиш дода шуд ва ин раванд то охири сол идома меёбад. Дар Тоҷикистон то авоили соли ҷорӣ 37 сохтори давлатӣ назири додситонӣ, ВКД, андоз, Оҷонсии мубориза бо фасод, «Тоҷикстандарт» ва дигар фаъолиятҳои корхонаву муассисаҳоро санҷиш мекарданд. Дар гузашта соҳибкорон ва соҳибони корхонаҳо аз миқдори зиёди санҷишҳо изҳори нигаронӣ карда ва бархе аз сармоягузорони хориҷӣ ба ин далел, Тоҷикистонро тарк намуда буданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ