Тоҷикистон 72-юм аз лиҳози терроризм
Бинобар гузориши солонаи Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва сулҳ ((The Institute for Economics and Peace), ки 15 ноябр таҳти унвони «Индекси ҷаҳонии терроризм” нашр кардааст, Тоҷикистон дар раддабандии «Индекси ҷаҳонии терроризм” миёни 163 кишвар дар зинаи 72-юм қарор гирифтааст. Аз гузориши мазкур бармеояд, ки соли 2016 бар асари ҳамлаҳои террористӣ дар дунё 25 673 нафар кушта шудааст.
Муаллифон индекси таҳдиди терроризм ба Тоҷикистонро тибқи ҷадвали 10-баллӣ 2,427 балл муайян кардаанд, ки назар ба як соли пеш 0,66 балл беҳтар аст.
Аммо дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон аз нигоҳи таҳдиди ҳамлаҳои террористӣ баъд аз Қазоқистон дар ҷои дуюм меояд. Қазоқистон дар мақоми 67, Қирғизистон дар зинаи 79 ҷой гирифта, муаллифон сатҳи таҳдиди терроризм дар ду кишвари дигари ин минтақа – Ӯзбекистон ва Туркманистонро хеле ночиз ҳисобида, Ӯзбекистонро бо 0,077 балл дар зинаи 123 ва Туркманистонро бо 0 балл дар зинаи охирини 134-ум гузоштаанд.
Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва сулҳ сатҳи таҳдиди ҳамлаҳои террористиро дар 24 кишвари дунё баробари сифр донистааст. Ба рӯйхати ин кишварҳои амн дар баробари Туркманистон ҳамчунин Ветнам, Словения, Того, Салвадор, Сингапур, Папуа-Гвинеяи нав, Латвия, Литва, Куба ва ҳатто кишварҳои африкоии Ботсвана, Замбия, Свазиленд ва Бенин шомил карда шудаанд.
Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва сулҳ сатҳи ҳамлаҳои террористӣ дар Ироқро тибқи ҷадвали 10-баллиаш 10 балл бахогузорӣ карда, ин кишварро аз нигоҳи таҳдиди терроризм ноамнтарин кишвари дунё хондааст. Дар ин раддабандӣ ҳамчунин Афғонистон, Нигерия, Сурия, Покистон, Яман, Сомали, Ҳиндустон, Туркия ва Либияву Миср дар радифи кишварҳои дар баробари терроризм осебпазир ном бурда шудаанд.
Аз миёни кишварҳои Шӯравии собиқ таҳдиди терроризм дар Украина аз ҳама бештар арзёбӣ мешавад ва пеш аз ҳама ба далели низои мусаллаҳонае, ки дар шарқи ин кишвар идома дорад.
Аммо ДОИШ («Давлати исломӣ”) шумори қурбониёни ҳамлаҳои террористиро дар соли 2016 қариб 50 фоиз афзун кардааст. Соли гузашта дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон беш аз 9 ҳазор нафар бар асари ҳамлаҳои террористие, ки масъулияташро ДОИШ ба дӯш гирифт, ҷон бохтаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ