Тоҷикистон акнун ба хориҷа семент мефиристад

Дар соли гузашта истеҳсоли семент дар Тоҷикистон афзоиш ёфта ва ба кишварҳои хориҷӣ дар ҳаҷми 300 ҳазор тонна содир шудааст.

Қаблан Тоҷикистон аз Покистон, Эрон ва Қазоқистон ҳамасола ҳудуди 2 миллион тонна семент ворид мекард. Афзоиши исеҳсол тадриҷан шонси ин кишварро барои содир кардани семент ба хориҷа бештар мекунад.Бино ба маълумоти Вазорати саноат ва технологияи нави Тоҷикистон, дар соли гузашта 12 корхонаи сементбарорбарии кишвар беш аз 1 миллиону 900 ҳазор тонна маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки ин рақам дар муқоиса ба нишондодҳои соли 2015 ним миллион тонна бештар будааст.

Шамсиддин Иброҳимов, сардори Раёсати маҳсулоти сохтмонии ин вазорат гуфтааст, ки бахши умдаи маҳсулоти семент дар иншоотҳои дохили кишвар, назири сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун, биноҳои бисёрошёна, роҳу пулҳои иртиботӣ ва дигар иншоотҳо истифода мешавад.

 

Ба гуфтаи вай, дар соли гузашта ҳудуди 260 ҳазор тонна семент ба кишварҳои хориҷӣ низ содир шудааст. Вай гуфт: “Корхонаҳои “Хуаксин Ғаюр Семент” ва “Чжунгсай Моҳир Семент” дар ноҳияи Ёвон ба Афғонистон ва “Хуаксин Ғаюр Семент Суғд” ба Узбекистону Қирғизистон семент содир карданд. Маблағи умумии содироти семент ба хориҷи кишвар ҳудуди 14 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Бад-ин тартиб, Тоҷикистон аз воридкунандаи семент ба содиркунандаи он табдил шуд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *