Тоҷикистон аз Русия пешсаф аст

Тоҷикистон дар “Намояи (индекс) муайянкунии корупсия” аз 100 холи дар назар буда танҳо 25 хол ба даст овардааст

Созмони ғайридавлатии Transparency International “Намояи (индекс) муайянкуни коррупсия”-ро барои соли 2018 пешниҳод кардааст, ки дар он Тоҷикистон аз 100 хол соҳиби 25 хол гаштааст.

Дар ин ҳол Русия аз 100 холи дар назар буда 28 хол ба даст оварда миёни 180 кишвари дунё дар ҷойи 138-ум қарор гирифтааст.

Бояд гуфт, ки имсол Тоҷикистон каме боло рафта аз 21 холи соли 2017 ба 25 хол расидааст.

Дар ин намоя аз ҳама холи бештар Дания ва Зеландияи Нав – 87 ва 88 холи ба даст овардаанд. Яъне дар ин кишварҳо сатҳи фасодзадагӣ ва ё порагирӣ кам ба мушоҳида мерасад.

Дар ин намоя аз ҳама холи кам Сомалӣ – 10 хол ба даст овардааст. Дар ҷойи дуюм аз рӯи фасодзадагӣ бо гирифтани 13 хол Судани Ҷанубӣ ва Сурия қарор гирифтаанд.

Дар маърӯзаи ин ниҳод омадааст, ки муқобилият нишон дода натавонистани кишварҳо бо коррупсия метавонад «кризиси демократиро» дар дунё пиёда кунад. Аз рӯи маълумотҳои ба даст овардаи ин ташкилот бисёр кишварҳо то ҳол наметавонанд дар муқобили коррупсия амалҳои лозима нишон диҳанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *