Тоҷикистон аз Русия пешсафтар аст

Русия аз рӯи нишондоди ҳузури занҳо дар парлумон миёни кишварҳои ҷаҳон дар зинаи 100-ум мақом гирифта, баъди Бритониёи Кабир, Олмон, Озарбойҷон, Қирғизистон ва Тоҷикистон қарор дорад.

Ин нуктаро Олга Голодец, ноиби сарвазири Русия дар ҷаласаи шӯрои ҳамоҳангсозии назди ҳукумати ин кишвар иброз доштааст.

Ба гуфтаи ӯ, ҳоло дар Думаи давлатӣ 15% ва дар Шӯрои федератсия 17% ва дар ҳукумат 10 дарсадро занҳо ташкил медиҳанд.

Ҳоло аз 63 курсӣ дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон 11-тои он дар ихтиёри занҳо аст. Дар Маҷлиси миллӣ бошад, 7 нафар аз ҷинсҳои латиф намояндагӣ мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *