Тоҷикистон аз “тарбияти дубора”-и мусалмонон дар Чин пуштибонӣ кард

Тоҷикистон дар Шӯрои ҳуқуқи башари СММ дар канори Русия, Белорус ва 34 кишвари дигар аз сиёсати Чин дар қиболи “тарбияти дубора”-и мусалмонон дар урдугоҳҳои вижа пуштибонӣ кард.

Тоҷикистон дар Шӯрои ҳуқуқи башари СММ дар канори Русия, Белорус ва 34 кишвари дигар аз сиёсати Чин дар қиболи “тарбияти дубора”-и мусалмонон дар урдугоҳҳои вижа пуштибонӣ кард.

Комиссияи ҳуқуқи башари Созмони Милал ва 22 кишвари пешрафтаи ҷаҳон аз поймол шудани ҳуқуқи мусалмонони уйғур дар вилояти мухтори Синҷон-Уйғур ибрози нигаронӣ карда буданд.

Ҳамчунин, моҳи августи соли 2018 Комиссияи ҳуқуқи башари СММ хабар дода буд, ки беш аз 1 миллион нафар мусалмонони уйғур дар урдугоҳҳои пӯшида дар ин вилоят нигаҳдорӣ ва “тарбияти дубора” мешаванд.

Ба дунболи он кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо, Ҷопун, Канада, Австралия ва дар маҷмӯъ 22 кишвари мутараққии ҷаҳон дар як номаи саркушода ин иқдоми Чинро шадидан маҳкум карданд.

Дар нома таъкид шуда буд, ки дар ин урдугоҳ мусалмононро маҷбур мекунанд таронаҳои инқилобӣ хонанд, китобҳои раҳбари Ҳизби коммунисти Чин Си Ҷинпинро мутолиа кунанд ва танҳо бо забони чинӣ суҳбат кунанд.

Дар моҳи июни соли ҷорӣ мақомоти Чин расман хабарҳо дар бораи нигаҳдории иҷбории мусалмонон дар урдугоҳҳои вижа ва шиканҷа шудани онҳоро рад карда  ва ин мусасссисотро  “марказҳои омӯзишӣ барои омода кардани кадрҳо” унвон карданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *