Тоҷикистон ба гурезагони афғон кӯмак расонд
Тоҷикистон ба беҷошудагони ҷангҳои ахир дар Кундузи Афғонистон ҳаммарз бо Хатлони Тоҷикистон, ки ба вилояти Бадахшони он кишвар паноҳ бурдаанд, кӯмакҳои башардӯстона расонидааст.
Ин кӯмакҳои фаврӣ аз сӯи Консулгарии Тоҷикистон дар шаҳри Файзобод ба даҳҳо хонаводаи фирорӣ аз ҷангҳои Кундуз расонида шудааст. Умед Назаров, сарконсули Тоҷикистон дар Бадахшон рӯзи 19 октябр ин кӯмакҳои фаврии Тоҷикистонро ба беш аз 35 хонавода тақсим кардааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти вилояти Бадахшони Афғонистон, беҷошудагони ҷангҳои Кундуз дар урдугоҳи «Чамани зироат»-и шаҳри Файзобод ҷобаҷо шудаанд ва гуфта мешавад, ки ба кӯмакҳои фаврӣ ниёз доранд. Кӯмакҳои Тоҷикистон ба беҷошудагони Кундуз аз орд, равған, шакар, чой, кӯрпа ва дигар маводи зарурии рӯзгор иборат мебошанд. Сарконсули Тоҷикистон гуфтааст, ки пас аз баррасӣ ва омӯзишҳо, кӯмакҳои бештаре барои ниёзмандон ирсол хоҳад шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ