Тоҷикистон ба маблағи 626 миллион сомонӣ барқ фурӯхт
Дар Вазорати энержӣ ва захираҳои об мегӯянд, содироти барқ ба хориҷи кишвар дар соли гузашта беш аз як миллард киловат соат афзоиш ёфтааст.
Усмоналӣ Усмонзода, вазири энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон рӯзи 28-уми январ дар ҳузури хабарнигорон гуфт, дар соли гузашта Тоҷикистон ба хориҷа 2 милларду 406 миллион киловатт соат ба хориҷа барқ интиқол додааст, ки нисбат ба як соли пеш 1 милларду 138,7 млн киловатт соат зиёд аст.Ба қавли ҷаноби Усмонзода, харидорони асосии нерӯи барқи Тоҷикистон дар соли гузашта Афғонистон ва Узбекистон будааст. Тибқи омори вазири энержӣ, дар соли гузашта аз Тоҷикистон ба Афғонистон беш аз 966 миллион киловат соат ва ба Узбекистон қариб 1,5 миллард киловат соат барқ интиқол ёфтааст.Усмоналӣ Усмонзода ҳамчунин гуфт, нерӯгоҳи барқии обии «Роғун» давоми ду моҳи аввали кор беш аз 90 миллион киловат соат нерӯи барқ истеҳсол кардааст. Вазири энержӣ афзуд, Тоҷикистон аз ҳисоби содироти барқ ба хориҷа 626 миллион сомонӣ, муодили 66 миллион доллар маблағ ба даст овардааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ