Тоҷикистон: Барканории се мансабдори баландпоя

Се мақоми масъули соҳаи назорат дар воридот ва фурӯши маҳсулоти ғизоӣ аз мансабҳои худ барканор шуданд. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 28-уми ноябр ин афродро барои беэътиноӣ ба мақом ва беназоратӣ нисбат ба воридоти маҳсулоти, ба қавли ӯ, пастсифати ғизоӣ, аз ҷумла гӯшти мурғ, айбдор кардааст.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ гуфт, бино ба қарори ҳукумат, Ибодулло Қурбониён аз мақоми раиси Оҷонси стандартизатсия, Шералӣ Вазиров аз раёсати Хадамоти назорати байторӣ ва Холмуҳаммад Каримзода аз мақоми раиси Хадамоти назорати давлатии санитариву эпидемиологӣ барканор шуданд. Ин қарор рӯзи сешанбе дар пайи маҷлиси ҳукумати Тоҷикистон содир шудааст.

Манбаъ мегӯяд, дар кори маҷлис дар баробари масоили дигар, Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба воридоти маҳсулоти ғизои пастсифат ва ба саломати мардум зиёновари озуқа шадидан изҳори нигаронӣ кардааст.

Бо вуҷуди ҳузур пайдо кардани ширкатҳои ватанӣ дар бозори дохилӣ Тоҷикистон ҳанӯз ҳам бахши аъзами молу маҳсулоти ниёзи хешро аз хориҷи кишвар ворид мекунад. Як назар ба омори содироту ворид кофист, ки то чӣ ҳад вобаста будани кишвар аз маҳсулоти хориҷа бармало шавад.

Тоҷикистон сол 2016 ба ҳисоби 3 миллиарду 30 миллион доллар аз хориҷа мол харидорӣ карда, танҳо ба 898 миллион доллар ба берун мол содир кардааст, ки се баробар аз воридот аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *