Тоҷикистон: Баррасии шикояти «Ӯзбекистон ҳаво йулларӣ»

Оҷонси авиатсияи граждании Тоҷикистон ба таҳқиқи шикояти «Ӯзбекистон ҳаво йулларӣ» шуруъ кардааст. Пештар масъулони ин ширкат гуфта буданд, ки қимати хадамоти Фурудгоҳи Душанбе гарон аст ва ҳаракат дар масири Тошканд-Душанберо барояшон зараровар кардааст.

Масъулони Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ин ҳарфҳоро бепоя дониста, гуфтанд, ки ба ширкати ӯзбекистонӣ сабукии зиёд додаанд.

Азиз Набизода, муовини аввали раиси Оҷонси авиатсияи граждании Тоҷикистон гуфт, масъалаи ширкати «Ӯзбекистон ҳаво йулларӣ» дар ҳоли баррасӣ аст. Набизода афзуд, «аллакай бо намояндаи ширкати «Ӯзбекистон ҳаво йулларӣ» дар Тоҷикистон гуфтугӯ кардем ва парвозҳои Душанбе-Тошканд қатъ нашудааст.»

Орифҷон Рӯзимуродов, роҳбари намояндагии “Ӯзбекистон ҳаво йулларӣ” дар Тоҷикистон гуфтааст, «ширкат барои тахфифи хидматрасонии фурудгоҳ мактуб фиристод. Агар дар ин иртибот ҷавоби мусбат ҳам нагирем, аз парвоз нияти даст кашидан надорем. Баръакс, мехоҳем, ки онро бештар намоем.»

Масъулони Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе мегӯянд, нархи хидматрасонии онҳо бо Хадамоти зиддиинҳисорӣ мувофиқа карда шудааст. Ба қавли онҳо, ҳақ надоранд мустақилона ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ сабукӣ диҳанд. Парвоз дар хатсайри Душанбе-Тошканд як сол боз идома дорад. Дар ҳоли ҳозир дар як ҳафта як бор ҳавопаймоҳои «Узбекистон ҳаво йулларӣ” аз Тошканд ба Душанбе ва бараъкс парвоз анҷом медиҳанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *