Тоҷикистон боз ба Ӯзбекистон барқ хоҳад дод

Тоҷикистон барои додугирифти нерӯи барқ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Узбекистон, омода аст.

Усмоналӣ Усмонзода, вазири энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон гуфт, ки ки “ин додугирифт то андозае ба фоидаи Душанбе хоҳад буд”.Вале ӯ гуфт, ки тахриби хатҳои интиқоли нирӯи барқ дар минтақаҳои наздимарзии Узбекистон дар ин кор мушкил эҷод мекунад. “Масъулони ширкати “Барқи тоҷик” хатти интиқоли нерӯи барқи 500-киловатӣ аз зеристгоҳи “Регар”-ро ташхис карданд ва ҳамаи камбудҳо рафъ шуд. Аммо масъулони энержии Узбекистон гуфтаанд, ки қисме аз хатти интиқоли барқ дар қаламрави вилояти Сурхандарё 10 сол пеш тахриб шуда, имкон дорад, дар фурсатҳои наздик барқарор гардад.”

 

Усмонзода афзуд, ба ҷуз аз ин, Тоҷикистону Узбекистонро хатҳои 220-киловатии интиқоли барқ дар вилояти Суғду Хатлон мепайвандад, ки феълан барои истифода омода ҳастанд. Муовини аввали раиси ширкати “Барқи тоҷик” Маҳмадумар Асозода низ гуфт, тӯли чанд моҳ аст мақомоти энержии Узбекистон хоҳиш доранд, ки барои азназаргузаронии зеристгоҳҳои наздимарзии Тоҷикистон ба онҳо иҷозаи вуруд дода шавад.

Дар зимистони гузашта Бонки Осиёии Рушд ба кишварҳои минтақа пешниҳод карда буд, ки музокирот барои азсаргирии бозори ягонаи энержӣ дар Осиёи Марказиро тақвият диҳанд. Азсаргирии фаъолияти бозори воҳиди энержӣ ё ҳалқаи ягонаи нерӯи барқи Осиёи Марказӣ аз соли 2014 матраҳ аст ва бархе аз кишварҳо, ба мисли Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон қасд доштанд, “ҳалқаи ягонаи энержӣ”-и минтақаро бидуни Узбекистон барқарор созанд.

 

Узбекистон соли 2009 ба нишони судовар набуданаш аз ин бозор берун рафт ва водор кард, ки Тоҷикистон мушкили камбуди нерӯи барқ дар кишварро дар танҳоӣ ҳал кунад. Феълан Узбекистон камбуди нерӯи барқ дар кишварро аз роҳи хариди нерӯи барқи изофии Қирғизистон ҳал мекунад.

Усмоналӣ Усмонзода, вазири энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон гуфт, ки фурӯши нерӯи барқи изофӣ ба Узбекистон ва ҳатто Қазоқистон фоидаовар хоҳад буд. Ҳоло Тоҷикистон дар фасли тобистон миқдоре аз нерӯи барқи изофии худро ба Афғонистон ва Қирғизистон содир мекунад. Ба иттилои вазири энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон, дар шаш моҳи аввали имсол Тоҷикистон ба Афғонистон беш аз 650 миллион киловат соат нерӯи барқ содир кардааст.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *