Тоҷикистон бозори кори алтернативӣ меҷӯяд
Тоҷикистон қасд дорад дар бозорҳои кори Канада, Олмон, Кореяи Ҷанубӣ ва Қатар ҳузур пайдо кунад.
Тоҷикистон қасд дорад дар бозорҳои кори Канада, Олмон, Кореяи Ҷанубӣ ва Қатар ҳузур пайдо кунад.
Саидасрор Саид, сардори Раёсати муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон рӯзи 25 июл дар нишасти матбуотӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, ки то ҳол бо Давлати Қатар ва Кореяи Ҷанубӣ дар мавриди интиқоли неруи кори ин кишвар созишномаҳо имзо шудаанд.
Ҳамзамон, вай таъкид кард, ки ба далели таъхир дар мувофиқаи ҷойҳои кор ва ихтисосҳои зарурӣ интиқоли муҳоҷирони кории тоҷик ба Қатар ва Кореяи Ҷанубӣ шурӯъ нашудааст.
Ин дар ҳолест, Қатар дар соли 2022 мизони Бозиҳои Ҷоми Ҷаҳон оид ба футбол буда ва ҳоло дар ин кишвар бунёди иншоотҳои варзишӣ, меҳмонхонаҳо ва инфрасохтори дигар дар авҷ аст.
Саидасрор Саид гуфт, ҷониби Қатар эълон доштаанд, ки аллакай коргарон аз Шри Ланка, Бангладеш ва Ҳиндустон ба бунёди иншоотҳои варзишию инфрасохтор барои Ҷоми Ҷаҳонии Футбол машғул буда ва ниёз ба коргарони иловагӣ вуҷуд надорад.
Ба муҳоҷирони тоҷикистонӣ кор дар меҳмонхона, тарабхона, нақлиёт ва IT технология пешниҳод шудааст, ки маош дар ин бахшҳо нисбат ба сохтмон (маоши миёна 350 доллар) ду баробар бештар будааст.
Масъулони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон гуфтанд, ҳарчанд дар ҷараёни дидори вазир Сумангул Тағойзода аз Сеул, пойтахти Кореяи Ҷанубӣ дар 3 феврали соли ҷорӣ миёни ин ду кишвар дар масоили муҳоҷирати корӣ санади ҳуқуқӣ имзо шудааст, вале ҳанӯз раванди интиқоли неруи кори Тоҷикистон ба ин кишвар оғоз нашудааст.
Зеро ин кишвар эълон кардааст, ки ба далели бӯҳрони шадиди иқтисодӣ ҳозир нест дар муддати се соли оянда аз мамолики хориҷӣ неруи корӣ бипазирад.
Феълан неруи кори Тоҷикистон асосан дар бозорҳои кори Русия ва Қазоқистон фаъолият мекунанд.
Бино ба маълумоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, дар нимсолаи аввали соли 2019 аз кишвар беш аз 300 ҳазор нафар барои дарёфти кор ба Русия ва Қазоқистон рафтаанд, ки аз ин ҷумла беш аз 40 ҳазор нафарро занҳо ташкил медиҳанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ